11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Хабаре, ки бо якуним сол таъхир  доғ шуд

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз талошҳои зиёди номуваффақ, ки ақалан як кишвари дигар ҲНИТ-ро ҳамчун созмони экстремистӣ эътироф кунад, билохира аввал даст ба шикоят аз шарикони худ зад ва аз забони Прокуратураи генералӣ дар як нишасти матбуотӣ кишварҳои минтақаро танқид кард. Баъдан ёдашон омад, ки якуним сол пеш, ба  ниҳоди минтақаии СҲШ бар зиди терроризм номи ҲНИТ-ро пешниҳод карда буданд ва аз ноилоҷӣ пас аз якуним сол он хабарро аз нав нашр намуданд. Чун хеле шармандагӣ аст барои кишваре, ки ҳатто ягон кишвари шарик ҳам расман мавқеъи туро эътироф накунад.

Ҳоло суол инҷост, ки чаро рӯйхати созмони зиддитерооиристии СҲШ якбора ба ёди мақомоти давлатӣ зад? Чаро онро якуним сол пештар расонаӣ накарданд?

Ҷавоб албатта пеши худи мақомоти кишвар ва мутахассисон маълум аст. Аммо қабл аз ҷавоб ба ин суол лозим аст, ки як масъала равшан шавад. Чун расонаҳо, оммаи мардум, ки аз ҷузъиет ва тафсилоти ин мавзӯъҳо огоҳ нестанд, бештар ҷанбаи хабарии онро таваҷҷӯҳ мекунанд ва ҳамин аст, ки бо сарлавҳаҳои гуногун ва ҳангомадор ин хабари якунимсоларо аз нав нашр мекунанд. Сомонаи иронии тоҷикзабон »Parstoday» бошад майдабозӣ накарда, якбора сарлавха гузошт, ки »Созмони Шанхай ҲНИТ-ро созмони террористӣ қаламдод кард.»  Барои ин расонаи иронӣ ҳоло фарқ байни тасмими СҲШ ва рӯйхати иттилоотии як ниҳоди ин созмон муҳим нест. Муҳим он аст, ки сиёсати тамаллуқкоронаи худро нисбати Раҳмон идома диҳад ва исбот кунад, ки Ирон бо ҲНИТ ҳеҷ рабте надорад. Истинод ҳам ба сайти »Ахбор» овардааст, ки дар сурати мабодо айбро бар дӯши расонаи дигари тоҷикӣ бор кунад. Аммо, ҳади ақал инсофи »Ахбор»-ро надоштанд, то ишора намоянд, ин рӯйхат ва ин »қаламдод» кардан чӣ таъсири ҳуқуқӣ ва амали дошта метавонад.

Барои бори дигар равшан шудани масъала лозим аст, ки ба худи матни хабар ва асноди ҳуқуқии СҲШ ва ниҳоди зидитеррористии он муроҷиат шавад, то ин суйитафоҳумҳо ва умумигӯйиҳо дар ин мавзӯъ аз байн биравад. Дар матни русии изхороти Созмони минтакавии зидитеррористии СҲШ хеле возеҳ оварда шудааст: »Об  информационных учетах Региональной антитеррористической организации ШОС». Яъне, дар бораи баҳисобгирии иттилоотии Созмони зиддитеррористии СҲШ. На дар номи санад ва на дар матни он чизе дар бораи эътирофи ин ё он созмонҳои ҳамчун созмони террористӣ аз тарафи кившарҳои узв вуҷуд надорад. Дар давоми матн омадааст, ки ин рӯйхат ва ҳисобгирӣ дар асоси пешниҳоди кишварҳои узв сурат мегирад, ки то имрӯз бештар аз 100 созмон ва 3000 нафар шомили ин рӯйхат гаштаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кишвари узви СҲШ метавонад ба ин рӯйхат номи дилхоҳ созмон ё шахсро ворид намояд ва созмони зиддитеррористии СҲШ ҳақи рад кардани онро надорад. Аммо, нуктаи асосӣ инҷост, ки тасмимро дар бораи эътироф кардан ё накардани ин ё он созмон ё шахс ҳамчун террорист ё экстремист ҳар кишвари узв дар алоҳидагӣ мегирад, на СҲШ ва на зермаҷмӯъаҳои он. Ва чунин қарор тибқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии ҳар кишвар ба тасвиб мерасад, ки то имрӯз ягон кишвари дигари узви СҲШ ин корро нисбати ҲНИТ анҷом надодааст. Ва инро масъулини СҲШ ба таври ошкор дар сӯҳбат бо  сайти »Ахбор» зикр намудаанд.

Ба ибораи дигар, фардо агар ҳукумати Тоҷикистон исми сомонаи »Parstoay», »Ховар» ё ҳар расонаву созмонеро ба ин рӯйхат пешниҳод кард, он исм ҳатман онҷо ворид ва нашр хохад шуд. Аммо, ба ҳеҷ ваҷҳ ин далели эътироф шудани ин расона ё созмон ҳамчун террористӣ аз тарафи кишварҳои узв ва худи СҲШ нахоҳад буд. Аслан, СҲШ то имрӯз дастаҷамъона ҳеҷ созмонеро ҳамчун террористӣ эътироф накардааст ва ин кишварҳои узв ҳастанд, ки дар алоҳидагӣ ин корро кардаанд. Пас, бояд ду масъала аз ҳам ҷудо ва возеҳ баррасӣ шавад, ки аввалан,  исми ҲНИТ дар рӯйхати созмони минтакавии зидитеррористии СҲШ аз якуним сол пеш вучуд дошт ва имрӯз ҳам ҳаст. Сониян, ин ба маънои эътирофи кишварҳои узви СҲШ нест ва он тартиботу қоидаи худро дорад, ки болотар оварда шуд.

Акнун, ба савол баргардем, ки чаро ин мавзӯъ ҳоло, пас аз якуним сол муҳим шуд? Ҷавоб мушаххас аст. Ҳукумат аз аввал медонист, ки ворид намудан ба  рӯйхат характери тавсиявӣ дорад ва паёмади ҳуқуқии зиёде нахоҳад дошт. Аммо, ба ин бовар буд, ки кишварҳои узви СҲШ яке паси дигар қарорҳои лозимиро зуд қабул хоҳанд кард, ки он характери иҷроӣ дар қаламрави ин кишварҳо дорад. Вале чунин нашуд. Илова бар он, фаъолияти ҲНИТ густарда ва рӯз ба рӯз қавитар гашт. Ин боиси асабонияти ҳукумати Тоҷикистон, шикоят аз шарикон ва баргашт ба хабари порсола гашт. Ва тарзе ироа шуд, ки гӯё ин кор рузҳои ахир сурат гирифта бошад. Ин як намуд ҷуброни шикастҳо ва нокомиҳо мебошад, на чизи дигар.

Инҷо суоли дигар ба миён меояд, ки ворид шудан ба ин рӯйхат ва рӯйхатҳои дигари монанд чӣ таъсире метавонад дошта бошад ба фаъолияти ҲНИТ? Ё бештар аз ин, агар ҳукумати Тоҷикистон билохира муваффақ шуд, ки ҲНИТ-ро дар як ё чанд кишвари узви СҲШ ва ҳатто берун аз он ҳамчун террорист »бикабулонад», чи ҳодисае рух хоҳад дод? Агар воқеъбинона ва дур аз таҳлилҳои »табьи дили худ» баҳогузорӣ кунем, ҳар мақола, ҳар хабар ва ҳар рӯйхат мисли оне, ки то имрӯз зиди ҲНИТ нашр шудааст, ба нафъаш нахоҳад буд. Чун, на ҳама мутахассиси огоҳ аз ҷузъиёт ҳастанд ва на ҳама мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Аз тарафи дигар, ҳукумат тарзе рафтор мекунад, ки гӯё масъалаи ҲНИТ барояш  муҳимтарин масъалаи дохилӣ ва хориҷӣ шудааст. Ҳоло ҲНИТ кирои ин ҳама заҳмату нигаронии ҳукуматро дорад ё не, танҳо барои худи ҳукуматдорон маълум аст, на барои омма, ки шояд аксаран ин ҳама давутози асабониро як кори зиедатӣ донанд. Чун бо ҳар кишваре, созмоне, дипломате мулоқот сурат бигирад, аввал масъалаи рӯйхат, боздошт ва истирдоди мухолифин матраҳ мешавад, ба хусус, роҳбарон в масъулини ҲНИТ. Душвор аст хулоса кардан, ки сабаби аслӣ қудрати ҲНИТ аст ё заъфи худи ҳукумат. Аммо чизе, ки равшан аст, асабоният, нигаронӣ ва талоши шабонарӯзии ҳукумат барои маҳдуд кардани ҲНИТ дар сатҳи байналмиллалӣ мебошад.

Дар баробари таъсири ин рӯйхатҳо ва талошҳои қукумат ба фаъолияти ҲНИТ дар хориҷ, бояд ишора кард, ки агар таъсири ҷиддие медоштанд, то имрӯз натиҷаҳояш маълум мегашт. Ин рӯйхат ва дигар рӯйхатҳо на танҳо монеъи рушди ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолифин нагашт, балки фаъолияташон васеътар шуд. Сабаби аслӣ ҳам дар он аст, ки фаъолияти ҲНИТ ва аксари гурӯҳҳои мухолифин берун аз қаламрави СҲШ мебошад. Ҳатто, агар фардо хамаи ин кишварҳо эътироф кунанд ҳам, таъсири зиеде ба фаъолият ва вазъияти ҲНИТ ва дигар созмонҳо нахоҳад дошт. Барои аксари кишвархо, ба хусус, кишварҳои аврупоӣ, ки минтақаи асосии фаъолияти ҲНИТ дар имрӯз мебошад, тасмимҳо ва қарорҳои кишварҳои минтақаи мо ҳамеша скола ранге будааст ва боқӣ хоҳад монд. Додани мақоми паноҳандагӣ ба роҳбарони мухолифин, новобаста аз фишору нороҳатии мақомоти тоҷик, худ далели он аст, ки оянда ҳам тағйироти ҷиддие дар мавқеъи ин кишварҳо сурат нахоҳад гирифт.

Пас метавон хулоса кард, ки дар ояндаи наздик рӯйхати Созмони зиддитерористии СҲШ ягона »дасткапи байналмиллалии» ҳукумат алайҳи ҲНИТ  боқӣ хоҳад монд, ки то имрӯз натавонистааст таъсире дар фаъолияти ин гурӯҳ дошта бошад. Бештарин суде, ки ҳукумат метавонад аз он бардорад, суди равонӣ ва расонаӣ метавонад бошад, ки то имрӯз ба шиддат онро пайгирӣ мекунад.

Прогресс ё примитивизм…

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *