Ҳамзамон бо идомадор шудани ҷанги Русия алайҳи Укроин ва талоши кишварҳои мухталиф барои кумаки таслиҳотӣ ба Укроин, саноати ислеҳсоли силоҳи ин кишварҳо тавлидоти низомии худро афзудаанд. Чунин фурсат барои истеҳсолкунандагони силоҳ дар сӣ соли гузашта бесобиқа будааст.
Дар даҳ моҳи гузашта, кишварҳои ҳампаймони Киев саъй кардаанд то бо ирсоли муҳиммот ва таҷҳизоти низомӣ ба Укроин бахше аз ниёзи онро таъмин кунанд, ҳол он ки захираҳои низомии худашон торафт коҳиш меёфт.
Ба таври вижа, кишварҳои Аврупои шарқӣ таъсири бештаре аз ин ҷанг гирифтаанд ва саноъат истеҳсоли силоҳи онҳо бо суръате, ки аз замон ҷанг сард то кунун дида нашудааст, дар ҳоли тавлид ва такмили камбудҳои худ ва таъмини ниёзи таслиҳотии Укроин ҳастанд.
Кадом кишварҳо бештарин содироти низомӣ ба Укроинро доро мебошанд?
Бар асоси ҷадидтарин додаҳо Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Бритониё дар садри феҳристи кумаккунандагони мустақими низомӣ ба Киев қарор доранд. Лаҳистон, Олмон, Норвеж, Дания, Латвия, Канада ва Чехия дар радаҳои баъдии ин феҳрист ҷо гирифтаанд.
Бархе кишварҳое, ки дар гузашта узви Паймон Варшава буданд ва ҳанӯз нисбат ба Русия эҳтиёткор ҳастанд, кумак ба Укроинро як мавзӯъи амнияти дар минтақа медонандю Дар айни ҳол ба эътиқоди бисёриҳо, ҷанги Укроин фурсатҳои наверо барои саноъати таслиҳотии минтақа эҷод кардааст.
Себастян Чволек, мудиромили гурӯҳи санъатии таслиҳоти Лаҳистон бо беш аз 50 зермаҷмӯъа дар заминаи қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти низомӣ дар мавриди ин зарфиятҳои ҷадид мӯътақид аст: “бо дар назар гирифтан воқеиятҳои ҷанг дар Укроин ва тасмими бисёре аз кишварҳо барои афзоиши буҷаи дифоъии худ, фурсате падидор шуда, ки кишварҳо вориди бозорҳои нав шуда ва даромадҳои содиротии худ дар солҳои ояндаро афзоиш диҳанд.”
Чволек дар гуфтугӯ бо Рейтерзз гуфтааст, ки мизони сармоягузории ин ширкати давлатӣ барои даҳаи оянда 1.8 миллиард доллар аст ва аслан бо рақам пешбинишудаи қаблӣ қобили муқоиса нест. Ин маблағ шомили пӯшиши таҷҳизоти низомӣ барои истифода дар марзи ин кишвар бо Беларус, кишвари муттаҳиди Русия, низ мешавад.
Дигар ширкатҳо ва мақомоти давлатӣ аз Лаҳистон, Словакия ва Чехия низ таъйид кардаанд, ки дар ҳоли афзоиши зарфияти тавлид ва истихдоми коргарони бештар ҳастанд.
Чанд ширкати таслиҳотии Амрико низ қаблан эълон крада буданд нафақахӯронро ба кор бармегардонанд, то ниёз ба коргарони навро бинобар афзоиши истеҳсолот бароварда созанд.
Ҷанг дар Укроин фурсате барои навсозӣ ва ҷойгузинии таслиҳоти қадимӣ
Дар оғози ҳамлаи низомии Русия, бархе кишварҳои муттаҳиди Укроин ибтидо анбори тсилоҳҳои кӯҳнаи худро дар ихтиёри ин кишвар қарор доданд. То ин ки бо холӣ шудани ин анборҳо навбат ба тавлид ва содироти силоҳҳои модерн ва имрӯзӣ расидааст.
Ҳол он ки Укроин моҳҳо мунтазири расидани таслиҳоти ғарбӣ бо стандарти имрӯзаи НАТО буд.
Ба гуфтаи мақомоти огоҳ дар гуфтугӯ бо Рейтерз, Укроин силоҳҳо ва таҷҳизоти мавриди ниёзи худро аз тариқи кумакҳои молии давлатҳои дигар ва ё аз тариқи қарордодҳои тиҷории мустақим байни Киев ва ширкатҳои созанда ба даст меоварад.
Томас Купчино муовини вазири дифоъи Чехия ба Рейтерз гуфтааст, ки Укроин наздик ба 2.1 миллиард доллар силоҳ ва таҷҳизот аз ширкатҳои ин кишвар дарёфт кардааст, ки ҳудуд 95 дарсади он аз тариқи ширкатҳои тиҷорӣ будааст. Ў гуфт, ки содироти таслиҳоти Чехия дар соли ҷорӣ болотарин мизон аз соли 1989 хоҳад буд ва бисёре аз ширкатҳо дар ин бахш шуғл ва зарфияти худро изофа карданд.
Ин мақоми низомии Чехия ҳамчунин гуфтаст, ки “таъмини таслиҳотии Укроин фақат як амри тиҷорӣ нест, балки аксарияти ҷамъияти Чехия ҳанӯз даврони ишғоли кишварашон тавассути Русияро ба ёд доранд ва мо намехоҳем неруҳои русӣ ба марзҳои мо наздиктар бошанд.”