Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Никарагуа рафт ва дар суханронии худ дар ҳузури Даниэл Ортега раисҷумҳури ин кишвар аз “назми навини ҷаҳонӣ” гуфт ва равобит бо ин кишварро “роҳбурдӣ” хонд.
Иброҳим Раисӣ гуфт “назми навини ҷаҳонӣ ба нафъи муқовамат ва истодагӣ ва ба зарари мустакбирин рақам хоҳад хӯрд”.
Ӯ дар сафари худ ба Амрикои лотинӣ ба Венесуэла рафта ва сипас ба Куба хоҳад рафт. Никорагуа ҳам монанди Эрон, Куба ва Венесуэла, ҳамагӣ ҳадафи таҳримҳои Амрико ҳастанд. Ин кишварҳо, ба вижа Эрон муддате аст равобити наздиктаре бо Русия ва Чин барқарор кардаанд.
Иброҳим Раисӣ гуфт дар ҳавзаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ва ба вижа ҳавзаи илм ва фановарӣ ҳамкории худро бо Никарагуа идома хоҳем дод.
Иброҳим Раисӣ Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи пешини Сипоҳи Қудсро, ки бо ҳамлаи Амрико дар Бағдод кушта шуд “қаҳрамони мубориза бо терроризм” хонд гуфт “нафрати умумӣ” аз он касоне аст, ки ӯро куштаанд.
Раисӣ пештар ба Венесуэла рафта буд ва дар он ҷо мутааҳҳид шуд, ки тиҷорати дуҷонибаро аз се миллиард доллар ба 20 миллиард доллар афзоиш диҳад. Ҳарчанд чорчуби замонии ин афзоиши ҳамкории иқтисодӣ эълом нашудааст. Раисҷумҳурҳои Эрон ва Венесуэла ҳамчунин ёддошти тафоҳуме барои густариши ҳамкорӣ дар путрушимӣ (нафту кимиё) ва санъати нафт имзо карданд.
Ин аввалин сафари Иброҳим Раисӣ ба Амрикои лотинӣ пас аз тасдии пости раёсатҷумҳурии Эрон аст.
Иброҳим Раисӣ ва Ҳасан Рӯҳонӣ раисҷумҳурҳои пешини Эрон ҳам ба Амрикои лотинӣ сафар карда буданд.
Куба охирин мақсади раисҷумҳури Эрон дар сафар ба Амрикои лотинӣ аст.