Рӯзҳои истироҳати гузашта дар дар шаҳри Баткен нишасти комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оиди нақшгузории марз баргузор гардид ва ҷонибҳо ба тавофуқи аввалия расиданд.
Дар нишасте, ки бо раисии ноибсарвазирҳои Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Акрам Мадумаров баргузор шуд, бори аввал ду кишвар ба тавофуқ расиданд дар заминҳои баҳсӣ 23 ҳектор замиро байни ҳам табодул кунанд.
“Ҳамин тавр, мешавад гуфт, ки баҳсҳои дурударози ду кишвар бар сари заминҳои марзӣ ба нуқтаи сифр бурда шуд – иттилоъ медиҳад Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат. – Ними заминҳои табодулшаванда ва Тоҷикистон ва ними дигар ба Қирғизистон таъаллуқ дорад”.
Дар ҳамин ҳол гуфта нашудааст аз кадом қитъаҳои замин сӯҳбат мешавад.
Дар нишаст ҷонибҳо ҳамчунин протоколи ҳамкории минбаъда дар заминаи нақҳгузории марзҳоро имзо карданд. Нишасти навбатии ноибсарвазирҳо охири моҳи марти оянда баргузор хоҳад шуд.