Темур Варқӣ: Ҳукумат барои мухолифин кор мекунад
Бознашр аз «Варорӯд»
Темур Варқӣ. Шоир, рӯзноманигор, тарҷумон ва таҳлилгар. Танҳо зикри ин ки Ҳофизро ба русӣ тарҷума мекунад кофист, ки фаҳмида шавад шеър ва тарҷумааш дар кадом сатҳ аст. Аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва онҳоест, ки ҳаргиз аз гуфтани ҳақиқат намеҳаросанд.
Ширкат ва суханронии Варқӣ дар конфронси Дортмунд ин андешаро, ки зиёиёни муқими хориҷи кишвар ҳозир бо ҳамкорӣ бо ҳеҷ як аз ҳизбу гурӯҳҳои мухолиф нестанд ботил ва ин овозаро, ки онҳо дар садади таъсиси як ҳизб ё созмоне ҳастанд, бештар кард. Мо ҳам сӯҳбате доштем бо ӯ дар ин мавзӯъ.
-Ба андешаи Шумо мухолифини тоҷик то чӣ ҳад қудратманданд? Оё қудрати мубориза бо ҳукумати Тоҷикистон ва даст ёфтан ба ҳадафашонро доранд?
— Посух ба ин суол аз он вобаста аст, ки зери мафҳуми қудрати мухолифин чӣ дар назар аст. Агар ба ин масъала аз диди кӯҳнашуда бо бозгашт ба 20 соли қабл нигоҳ кунем, мухолифин нерӯҳои ҳарбӣ ва фишанги қудратӣ надоранд. Ва метавонад чунин ба назар бирасад, чуноне ки баъзе намояндагони ҳукумат ва мухолифин мепиндоранд, ки оппозисиюни тоҷик дигар вуҷуд надорад ё ҳади ақал дигар қудрате нест, ки рӯяш ҳисоб шавад. Вале ин, такрор мекунам, диди кӯҳнашуда аст. Ба мухолифини тоҷик имрӯз нерӯи ҳарбӣ лозим нест. Худи ман мухолифи коргирӣ аз ҳар қувваву яроқ ва хунрезӣ барои барқарории сохти конститутсионӣ ва сохтани давлати воқеъии демократӣ (на фейкӣ) ҳастам.
Алъон дар кишвари мо монархия ва эътисоби зиддиконститутсионии ҳукумат аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба назари ман мушкил танҳо дар Раҳмон нест. Танҳо канор рафтан ё иваз шудани ӯ кам чизеро тағйир медиҳад. Дар Туркманистон баъди марги туркманбошӣ чӣ тағйир ёфт? Танҳо аватар ҷавонтар шуд. Бояд низом, психологияи мардум иваз шавад, ба онҳо имкони интихоботи озод, озодии сухан, имкони кор дар ватан ва имкони сохтани бизнес бе хавфи он ки онро рӯзе хоҳанд рабуд, дода шавад. Ин масоил бо автомату силоҳ ҳал намешаванд. Ҷанги шаҳрвандӣ бояд дарсӣ ҳамешагӣ бошад. Ҳарду тараф созишномаи сулҳро имзо карданд ва қасам хӯрданд, ки ин мусибат набояд дигар ҳаргиз такрор шавад. Ҳеҷ ҳукумат ва ҳадафе, агарчӣ ҳадафи шарифе бошад, ба ҳаёти инсон, ашку алами ятимон, бевазанон ва кӯдакони модаргумкарда намеарзад. Ин мавқеъи шахсии ман аст. Чуноне ки мушоҳида кардам ҳамаи намояндагони мухолифин низ ҳамин андешаро доранд. Аз ҷумла раҳбари ҲНИТ ва дигар нафароне, ки дар Дортмунд вохӯрдам. Ин маро хушҳол кард.
Инҷо суол пайдо мешавад, ки агар қудрати мухолифин дар ташаккули ҳарбӣ нест, пас дар чист? Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар ҷониби мухолифин бозингарони қудратманде қарор доранд: Ҳақиқат, Таърих ва Вақт. Худи ҳукумат ҳам барои мухолифин кор мекунад. Ман намедонам, кӣ бо талқин кардани манъи ҲНИТ ба Эмомалӣ Раҳмон ин хидмати хирсонаро анҷом дод. Худи ӯ ё вузарои қудратиаш. Вале ин хатои марговари Эмомалӣ Раҳмон буд. Беҳтар буд, ки ӯ ин корро намекард. Ҳарчанд барои мантиқи таърих ин гоми дуруст аст. Таърих барои ин қарор ба ӯ таҳсин хоҳад гуфт, чун дар замони манъ ва таъқиби мухолифин, ҳукумат худро дар чашми шаҳрвандон, ҳамсояҳо, қарзу грантдиҳандагон, маблағгузорон, шарикон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ пурра беъэтимод хоҳад кард. Минбаъд касе нест, ки гунаҳкораш кунанду тамоми айбу гуноҳҳоро ба дӯшаш бор кунанд. Барои итмоми ҳуҷҷат ҳукумат бояд Ҳизби сотсиал-демократиро ҳам манъ кунад. Куҷое хондам, ки фишор болои ин ҳизб ҳам бештар шудааст ва онро ҳам таҳдид ба ҳукумат медонанд. Танҳо баъди рафтани ҳукумати имрӯза ва фурӯпошии режим, бунёди давлати ҳақиқии демократӣ имконпазир аст.
Ҳукумат он қадар бемасъулият ва нотавон аст, ки давоми 20 сол ягон масаъалаи муҳимро ҳар накард. 20 сол аст, ки бо истиқлолият ғиромбозӣ мекунанд. Яъне ҳукумат ончиро, ки Раҳмон дар он саҳме надорад ба ӯ нисбат додааст ва бо он савдо мекунад. Сангак ва Фронти халқӣ зери парчами сурх зидди истиқлолият ва ҳукумати эътилофӣ ҷангиданд. Онҳо мегӯянд, ки аз сохти конститутсионӣ ҳимоя карданд. Вале он сохти конститутсионии шӯравӣ буд. Конститутсияи Тоҷикистони мустақил дар соли 1992 вуҷуд надошт.
Ҳеҷ дастоварди дигаре кишвар давоми 20 соли охир надорад, ки бо он ифтихор кунад. Намунаи боризи дастовардҳо миллион муҳоҷири меҳнатӣ, дар асл гурезагон аст. Ҳукуқҳои онҳоро касе ҳимоя намекунад. Ҳукумати мо ҳатто қобилияти созиш бо шарики стротежии худро надорад, то аз шаҳрвандонаш, ки ҳар рӯз таҳқир мекунанд, мекушанд, гӯшашро мегазанд ва аз онҳо ҳадафи зиндаи тирзанӣ месозанд, ҳимоят кунад. Ҳукумат дар муносибат бо шаҳрвандоне, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд ва онҳое, ки барои хӯронидани хонаводаашон аз кишвар хориҷ мешаванд, камоли бемасъулиятиро нишон медиҳад. Ба ҳукумати бемасъулият мухолиф лозим нест, зеро мехоҳад абадӣ ва бидуни тарс аз ин ки рӯзе ивазаш месозанду алайҳаш барои қонуншиканиҳо, хориҷ шудан аз ваколат ва хазинадуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд, ҳукмронӣ кунад.
Оппозитсиюн наметавонист бо дидани хатоҳо, ҳамоқат, бемасъулиятӣ, беқонуниҳое, ки ҳукумат муртакиб мешуд канор равад ё хомӯш бошад. Вале вақте ҳукумат тасмим гирифт ба ҷои ҳал кардани мушкилоти мавҷуда мухолифинро канор занад, пас ин беҳтарин роҳҳал барои мухолифин аст, на барои ҳукумат. Зеро дар сохтори ҳар давлате ҳизби ҳоким ва мухолифин ҷавобгарӣ барои вазъ дар кишварро бо ҳам тақсим мекунанд, пуштибон ва такягоҳи давлат ҳастанд ва аз шаклгирии бади ҳаводис пешгирӣ мекунанд. Агар ҳизби ҳоким такягоҳи дигари ҳукуматро аз саҳна канор зад, ҳама бори масъулиятро ба дӯши худаш мегирад. Имрӯз на асри 15, асри 21 аст. Имрӯз асри маълумот, интернет ва технолоҷист. Офтобро акнун бо доман пӯшида намешавад. Ин гуна сохтор дер давом крада наметавонад. Пойдевори бино ва бом наметавонанд бо як сутун қоим бошанд. Аввалин бод, аз ҳар тарафе, ки вазид, ин биноро ба замин яксон месозад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон пеши мардум ва коллапси наздикшавандаи иқтисодӣ, ки гузинааш танҳо инқилоб аст, танҳо монд. Ва ин кори мухолифин нахоҳад буд. Ҳукумати имрӯза барои фурӯпошии худ ҳама корро беҳтар аз ҳар мухолифе анҷом дода истодааст. Ҳеҷ оппозитсиюне ин гуна наметавонист. Ҳар рӯз, ҳар қароре диверсияи (тахрибкории) ҳукумат алайҳи оромӣ дар кишвар аст. Чунин ба назар мерасад, ки атрофи Раҳмонро тарафдорони мухолифин ва диверсантҳо печондаанд. Ӯ ва атрофиёнаш, низоми фасодзадае, ки сохтаанд, вакилон, мансабдорон, пулис ва амният ҳар рӯз бидуни хастагӣ барои мухолифин кор мекунанд. Дар чунин ҳолати беақлии ҳукумат ҳеҷ оппозитсиюне лозим нест. Худи ҳукумат ҳама корро ба ҷои мухолифин анҷом медиҳад. Танҳо бояд мунтазир шуд, ки мардум ва элита хаста шавад ва кишварҳои ҳамсояву шарик хаста шаванду мухолифинро барои наҷоти вазъи кишвар даъват кунанд.
— Ҳаводиси чанд рӯзи охир чӣ таъсире ба мухолифин дошта метавонад? Дасти ҳукуматро дар он мебинед?
— Ман ба ин назарам, ки ҳукумат дар ин кор ҳам ба мухолифини дар хориҷбуда кӯмаки ҷиддие кард. Кори хубе шуд, бояд кафкӯбӣ кард. Ҳамеша донистани ин ки кӣ кадом мавқеъ ва назарро дорад, муҳим аст. Ин талабот ва дастоварди озодии сухан ва демокросӣ аст ва ҳар нафар барои интихоб ва андешаи худ ҳақ дорад. Ва дигарон ҳам ҳақ доранд хулоса кунанд, ки бо кӣ кор гиранд, кадом китоберо бихонанд, ба кадом филм ё намоишномае бираванд.
— Ин чанд рӯз ҳарфҳое ҳам пайдо шудаанд, ки ҲНИТ бинобар ҳизби исломӣ буданаш дар шароити имрӯза дигар матлуб нест ва ҳеҷ шонсе дар ояндаи наздик надорад. Назари Шумо чист?
— Ман фикр мекунам беҳтар аст инро худи ин ҳизб, аъзо ва раҳбарияташ ҳал кунанд, на ҳукумат. ҲНИТ дар солҳои фаъолияти сиёсии худ роҳи ҷиддии эволютсиониеро тай кардааст. Ин ҳизби соли 1992 нест. Солҳои гуфтугӯи байни тоҷикон, солҳои пас аз оштӣ зери раҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, баъдан Муҳиддин Кабирӣ ин ҳизбро тағйир доданд ва таҷрибаи бузурги сиёсӣ ато карданд. Ба андешаи ман ҲНИТ масъулияти муҳиме на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ва аҳамияти хосае барои ором кардани вазъи Афғонистон дар оянда дорад. Ин ҳизб метавонад ва бояд намунае барои мусалмонони мӯътадил, ки адолат, озодӣ ва демокросӣ мехоҳанд, бошад. Ин ҳизб метавонад позаҳри муҳиме алайҳи ифротишавии ҷавонон дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна гардад ва чун музокиракунандаву миёнарав барои ба эътидол овардани вазъи Афғонистон баромад кунад. Ин ҳизб метавонад такягоҳи муҳими эътидол дар Тоҷикистон баъди Эмомалӣ Раҳмон бошад, ки бинобар доираи танги манофеъи шахсиву норасоии андешаронии сатҳи давлатӣ, инро дарк накард. Фикр мекунам ингуна ҳизб беҳтар аз ҳар ҳизби дигаре қодир аст бо таҳдиду хатарҳои бархоста, аз кишварҳои ноороми арабӣ ва Афғонистон муқобилият кунад. Бо бастани ин ҳизб ва оғози таъқиби мусалмонон, Раҳмон кишварро бе воксин гузошт ва дарро барои ифротишавии ҷомеъа боз кард. Имомони сохта, ки барояшон дастгоҳи раисҷумҳур тавассути телефон фатво содир мекунад қодир нестанд эҳтироми имондоронро ба даст оранд.
— Назаратон дар бораи гурӯҳҳои мухолифи дигар чист?
— Ман ба ҳама гурӯҳҳое, ки аъзояш самимона мехоҳанд кӯшишҳоро барои тағйири мусолиатомези ҳукумат, дастёбӣ ба ислоҳот ва тағйирот сарҷамъ кунанд, эҳтиром қоилам.
— Чанд сол аст гуфтумонҳое вуҷуд доранд, ки зиёиёни дархориҷбуда ҳам дар андешаи созмон додани як гурӯҳ ҳастанд ва Шуморо яке аз онҳо ном мебаранд. Оё ин воқеъият дорад?
— Кайҳост ман дар ин бора меандешам, ки чӣ гуна мешавад ба ҳамватанони дар дохили кишварбуда ва муҳочирони меҳнатӣ кӯмак кард. Самтҳои фаъолият хеле зиёданд. Масалан Тоҷикистон ба маълумоти касбии техникӣ ниёз дорад. Омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ дар кишвар қариб ки боқӣ намондаанд. Муаллимону мутахассисон нестанд, қисме тарки дунё карданд, қисме тарки кишвар. Бояд боқимондаҳоро пайдо кард ва дарсҳояшонро сабт намуда дар интернет ҷой дод. Ин корро мешавад барои макотиби миёна ва донишгоҳҳо ҳам анҷом дод. На дар ҳама ҷо мактаб ва муаллимони фанҳои лозимӣ мавҷуданд. Барои муаллимон маблағ лозим аст. Барномаҳои омӯзишии касбомӯзӣ дар интернет лозим аст. Ҳамчунин НБО-ҳои хурде лозиманд, ки Суис ва дигар кишварҳо метавонанд ворид кунанд. Воридоти технологияи нав зарур аст. Зарурати омӯзиши хуби духтарон вуҷуд дорад, чун модари саводнок кӯдаки босавод тарбия мекунад ва насли оянда метавонад бар пойҳояш мустаҳкам биистад. Ин ки имрӯз дар деҳаҳо духтарон хондаву кор карда наметавонанд, мусибати бузургест барои кишвар. Самти кор хеле зиёд аст. Мо бо ҳамватанон инҳоро муҳокима мекунем ва оиди таъсиси пойгоҳе меандешем, ки тавассути он кори муҳиму фоиданоке барои кишвару ҳамватанон анҷом диҳем.
-Манзури ман созмони сиёсӣ буд. Оё зиёиён дар фикри таъсиси як созмон ё ҳаракати сиёсӣ нестанд?
-Сухан аз таъсиси ҳизби сиёсӣ намеравад. Сиёсате, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пеш гирифтааст, барои Тоҷикистон кофист, набояд ба ӯ халал расонид, ки ба ҷои мухолифин кор кунад. Ӯ ва атрофиёнаш ҳама корро худашон мекунанд. Замоне, ки ҳукумат ба ин сиёсат машғул аст ба иқтисоду маориф вақт намеёбад, дар бораи инсоҳову ояндаи кишвар касе намеандешад. Бинобар ин агар зиёиёни тоҷик дар хориҷ ба ин натиҷа бирасанд, ки бояд нерӯҳоро ҷамъ кард, пас онҳо дар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва маорифу фарҳанг мутамаркиз хоҳанд шуд.
— Ҳоло ин тарҳ дар кадом сатҳ қарор дорад?
— Дар сатҳи омодагӣ.
— Оё ҳукумат бо афзоиш додани фишор болои хонаводаҳои мухолифин ва фаъолони сиёсӣ метавонад мухолифинро заъиф созад? То имрӯз ба андешаи Шумо ин фишорҳо чӣ натиҷаҳо додаанд?
— Як қонуни табиат вуҷуд дорад, ки ҳеҷ ҳукумате дар ҷаҳон наметавонад онро бекор созад. Ин қонуни физикӣ аст — “Ҳаракат муқобилият меофарад”. Қонуни зиндагии ҷамъиятӣ бошад мегӯяд: Зӯроварӣ зӯроварӣ меофарад. Бо як чунин корҳо ҳукумат ҷамъиятро ба тарфи ифротгароӣ тела медиҳад ва вазъро ноором месозад. Ҳукумат барои ДОИШ кор мекунад — барои ҷамъоварии тирҳои зинда кӯмак мекунад. Таърихи Гулмурод Ҳалимзода ва хешовандони аз пасаш рафта, ки бо таъқибу фишор ҳеҷ роҳи дигаре барояшон боқӣ нагузоштанд, барои ҳукумати боақл дарси ҷиддие мешуд. Вале мо як чунин ҳукумате надорем. Ҳукумати мо ба худаш, шаҳрвандон ва кишвар бештар аз он зарар мерасонад, ки як душман метавонист расонад. Бояд ба таъқибу фишор бар наздикони бегуноҳи мухолифин хотима дода шавад. Имрӯз сари қудрат як гурӯҳанд ва фардо гурӯҳи дигар хоҳад буд, вале наздикон набояд ҳеҷ гоҳ таъқиб шаванд. Бо ин кишварҳои мутамаддин аз кишварҳои ғайримутамаддин фарқ мекунанд. Мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, на дар замони Сталин, Гитлер ё Пол Поте. Бояд ба хотир дошт, ки дунё ба мо нигоҳ мекунад. Бояд фарзандони арзандаи инсондӯстони бузург — Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон буд. Ҳар яке аз онҳо зидди ноадолатӣ мубориза мебурд ва озодандеши замони худ буд. Дунё бо онҳо ифтихор мекунад ва аз муносибати мо бо ҳамдигар ва вазъи ватани ин бузургон дар ҳайрат аст.