Дар нишасти САҲА, ки имрӯз, сентябр оғоз гардид, мухолифини давлати Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар талаб намуданд, алайҳи мансабдорони тоҷик, ки дар нақзи ҳуқуқи башар даст доранд, таҳрим ҷорӣ гардад.
Мухолифин бо баргузории як тазоҳурот назди бинои САҲА бо аксҳои зиндониёни сиёсӣ хостори фишор ба ҳукумати Тоҷикистон шуданд. Бештари суханкунандагон дар тазоҳурот ҳам аз нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳарф заданд.
Дар поёни тазоҳурот, ки дар он наздик ба 100 нафар ширкат доштанд аз номи эътирозгарони тоҷик як қатъномаи иборат аз 4 банд қабул шуда, ба намояндаи САҲА супурда шуд. Бандҳои қатънома иборат буданд аз:
1.Ба ҳама гуна навъҳои фишору таъқиби кулли фаъолони сиёсӣ дар дохил ва беруни кишвар ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар дохил поён дода шавад.
2.Тамоми маҳбусони сиёсӣ озод карда шуда ва таъқиби ваҳшиёнаи фаъолони собиқ барои фаъолиятҳои қаблиашон бас шавад.
3.Озодиҳои фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи тамоми шаҳрвандон новобаста аз ҷинс, мазҳаб, дидгоҳҳои сиёсӣ ва маҳал кафолат дода шавад.
4.Болои он мақомоти баландпояи Тоҷикистон, ки дар поймол кардани ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳримот ҷорӣ шавад, бо шумули манъи додани виза, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкӣ ва маҳдудиятҳои молиявӣ.
Баъди нисфирӯзӣ нишасти ҳошиявии нишастҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар бораи нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бо раҳбарии Стив Свердлов, раҳбари бахши Осиёси Марказии он оғоз шуд. Стив Свердлов зимни баромади худ таъкид кард, ки соли 2017 дар Тоҷикистон 53 ҳолати шиканҷа ва ҳудуди 90 ҳолати фишору таҳдид сабт шудааст.
Баъдан намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ Мариус Фоссум дар бораи вазъияти ҳуқуқи инсон сӯҳбат кард. Мариус Фоссум таъкид кард «афзоиши фишорҳо болои пайвандону наздикони фаъолони сиёсӣ, баста шудани расонаҳои мустақил, масдуд ва маҳдуд шудани фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон танавонист пеши роҳи фаъолиятҳои мухолифинро дар хориҷ бигирад.»
Фоссум, ки дар як соли охир сафаре ба Тоҷикистон дошт, аз афзоиши фишору таъқибҳо болои хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ, адвокатҳо, аз ҷумла адвокати марҳум Исҳоқ Табаров гуфт ва илова кард, ки фарзандони марҳум ва фаъолони сиёсие, ки соли гузашта дар нишастҳои САҲА дар Варшава ширкат карда буданд, то кунун зери фишорҳои гуногун қарор доранд. Ӯ ба ин ҳам ишора кард, ки ин фишорҳо, баста шудани расонаҳои мустақил, аҳзоб ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ натавонист пеши роҳи фаъолони сиёсии тоҷикро бигирад. Ӯ гуфт ман пештар дар роҳрав ва алъон дар ин толор дида истодаам, ки фаъолон аз соли гузашта ҳам зиёдтар ширкат доранд.
Яке аз баромадкунандагон оиди маҳдудкунии интернет ва телефони дастӣ дар Тоҷикистон иттило дод ва гуфт ин бастани роҳи иттилоърасонӣ аст, ки мушобеҳи амалҳои солҳои 90 аст. “Ин нишон медиҳад ки ҳукумати Тоҷикистон ба шиддат озодиҳоро маҳдуд мекунад”, гуфт ӯ.
Девид Кей, намояндаи мазсуси Созмони милали муттаҳид ҳам дар як сӯҳбати онлайнӣ дар бораи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сӯҳбат кард. Ӯ таъкид кард, ки соли 2016 ба Тоҷикистон сафар карда, дар онҷо аз наздик масоилро бо мақомот матраҳ кардааст. “Аммо то ҳол маҳдудкуниҳо барои матбуот ва ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад” — изҳор дошт Кей.
Стив Свердлов дар як суханронии дишараш дар бораи фишорҳо болои хонаводаҳои фаъолони сиесӣ сӯҳбат карда, аз ҳайатҳои ширкаткунанда дар нишасти САҲА хост аз ин хонаводаҳо ҳимоят кунанд ва барои ин алайҳи ҳукумати Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ намоянд.
Нишасти САҲА, ки имрӯз оғоз шуд, то 22 сентябр идома хоҳад кард