Рӯзи 9 май нахуствазири Чехия Петр Фиала дар баромади идонааш доир ба рӯзи Ғалаба гуфт, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидаву дониста таърихро таҳриф карда нишон медиҳад ва маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад. Тачовузи беасоси Русия дар Украина ҳам дараки ҳамин рафтори Путин аст.
Дар навбати худ Ян Липавский, вазири умури хориҷаи Чехия гуфт, Русия Оинномаи Созмони Милалро, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таҳия шуда буд, нақз кардааст.
***
Вазири иқтисоди Олмон Шулзе аз бадтарин бӯҳрони гуруснагӣ пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳушдор дод. Дар ин бора хабаргузории Bild навиштааст.
Моҳи апрел қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба ҳадди рекордӣ расид. Вазири Олмон қайд кард, ки 300 миллион нафар дар ҷаҳон аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд ва шумораи онҳо рӯз то рӯз меафзояд.
Вай гуфт, ки қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба ҳачми сеяк афзоиш ёфтааст ва ҳоло дар сатҳи рекордӣ қарор дорад.
Қаблан дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ҳам муфассал гуфта буд, ки ҷаҳон метавонад ба бӯҳрони ғизоӣ дучор шавад.
***
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ду зергурӯҳи нави омикронро эълон кард, ки боиси афзоиши ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Африқои Ҷанубӣ шудаанд.
Дар охири моҳи апрел дар Африқои Ҷанубӣ дар як рӯз 2650 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд, аммо то 1 май беш аз 6500 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор шудааст ва шумораи онҳо дар ҳоли афзоиш аст.
***
Лукашенко барои ширкаташ дар амалиёти низомӣ дар Украина ҷазо мегирад.
Дар ин бора дар изҳороти расмии раҳбарони G7 дар вебсайти Кохи Сафед гуфта шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки «мо тамоми талошҳоро ба харҷ хоҳем дод, то Путин ва ҳампаймонҳои Русия дар таҷовузи Украина, аз ҷумла режими Лукашенко, тибқи қонунҳои байналмилалӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.»
Илова бар ин, ИМА алайҳи Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия таҳримҳои нав эълон кард: 2600 мансабдори ду кишвар ба феҳристи таҳримҳо илова карда мешаванд.
***
The Athletic хабар дод, ки ҳамлагари Дортмунд «Боруссия» Эрлинг Ҳолланд ин ҳафта ба “Манчестер Сити” мегузарад.
Ба гуфтаи хабарнигори Marca, Марио Кортегана, Ҳолланд ҳамеша ба Реал Мадрид бартарӣ медод ва мехост, ки пас аз марҳилае дар Дортмунд ба лагери бошгоҳи Мадрид гузарад, аммо ин муомила аз бисёр ҷиҳат хеле мураккаб буд.
1. Талаботи молиявии бозингари футбол.
2. Ғамхории хоса барои ҷароҳатҳои Эрлинг.
3. Шубҳаҳо ва ҳаросҳо, ки Ҳолланд дар сояи Бензема ва Мбаппе боқӣ мемонад.
Якчоя шудани хамаи омилхо боиси ичро нашудани шартнома мегашт.
***
Рӯзи душанбеи 9 май фаъолони ношинос дар маросими ёдбуд дар қабристони сарбозони шӯравӣ дар Варшава ба сафири Русия дар Лаҳистон Сергей Андреев ҳамла карданд. Ба ӯ моеъи сурх пошида, иҷозат надоданд, ки ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ғалаба гулчанбар гузорад. Андреев хамрохи занаш ва як гурух дипломатхои рус буд.
Имрӯз вазири корҳои дохилӣ ва маъмурии Лаҳистон Мариуш Каминский кӯшиш кард, ҳамла ба сафири Русия Сергей Андреевро дар Варшава тавҷеҳ кунад. Вай нуқтаи назари худро дар саҳифаи Твиттер нашр кард.
“Таҷаммӯи мухолифони таҷовузкории Русия алайҳи Укроин, ки дар он ҷо ҳамарӯза ҷинояти наслкушӣ сурат мегирад, қонунӣ буд. Эҳсосоти занони украинӣ, ки дар намоиш иштирок мекунанд, ва шавҳаронашон барои ҳифзи Ватан далерона меҷанганд, даркшаванда ва фаҳмо аст ”
Вай инчунин кайд кард, ки хукуматдорони Польша ба Андреев тавсия надодаанд, ки 9 май дар пойтахт ба гулгузорӣ равад.
***
Bloomberg навиштааст, Билл Гейтс аз таназзули иқтисодӣ дар пайи ҳаводиси Украина ҳушдор дод. Гейтс таъсири ҳаводиси Украинаро ба иқтисод ҷиддӣтар аз пандемияи коронавирус арзёбӣ кард.
Вай гуфт, ки низоъҳо дар минтақа боиси боло рафтани қимати коло, бадтар шудани мушкилот бо занҷири таъминот ва афзоиши қарзи давлатӣ шудааст. Талошҳои кишварҳо барои назорати таваррум боиси болоравии фоизҳо шудааст, ки дар ниҳоят ба бӯҳрони иқтисодӣ оварда мерасонад.