Коршиноси тоҷик: Ҳукумат барои САҲА ва ҷаҳониён собит кард, ки иддаъои мухолифонаш дуруст аст
Коршиноси тоҷик бо баёни ин ки “ҳушдор” ва шартгузории ҳукумат ба САҲА як иқдоми хом ва носанҷидае буд гуфт: ҳукмат бо ин иқдомаш барои САҲА ва соири созмонҳои байналмилалӣ ҳамон чизеро собит кард, ки мухолифонаш ду сол аст, ки барои исботи он саъй мекунанд.
Сайидюнус Истаравшанӣ, коршиноси тоҷик, бо интишори матлаби таҳлилие дар мавриди “ҳушдор”-и ҳукмат ба САҲА дар мавриди ширкати ҲНИТ ва раисаш Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси солона ва байналмилалии ин созмон дар Варшава гуфт: “Шумо бо ин “ҳушдор” ва бо ин мавзеъгирӣ, арсаро барои худатон тангтар кардаед, на барои мухолифони сиёсии худ.”
Ӯ афзуд: “ Зеро ки шумо бо ин иқдоми хом ва носанҷида, барои САҲА ва соири созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, ҳамон чизеро собит кардед, ки мухолифонатон ду сол аст, ки барои исботи он барои ин созмонҳо саъй мекунанд ва заҳмат мекашанд.”
Ба ақидаи ин коршинос: “Ҳоло мухолифони сиёсии шумо бояд шукргузоратон бошанд, ки бо ин иқдоми носанҷида, шумо корро барои онҳо бисёр осон кардед.”
“Зеро ҳарфи мухолифони сиёсии шумо ба ин созмонҳо чист? Оё медонед? Ҳарфашон ин аст, ки: ҳукумати Тоҷикистон ҳукумате худкома ва диктотур аст, таҳаммули шунидани ҳеч интиқодеро надорад, агар касе аз рӯи дилсӯзӣ ба кишвар ва миҳанаш, дар садади интиқоди сиёсатҳо ва амалкардҳои аҳёнан нодурусти ҳукумат баромад, ё зиндонӣ мешавад ва ё тард. Мухолифони сиёси шумо ду се сол аст, ки мехоҳанд ҳамин матлабро барои ин созмонҳо исбот кунанд ва барои муддаои худ далел биёваранд.”- афзуд таҳлилгари тоҷик.
Ҳамчунин вай қайд кард: “Хуб, ҳоло шумо бо ин иқдоми ахир чӣ кор кардед? Шумо амалан ба ин созмонҳо исбот кардед, ки муддаои мухолифонатон дар бораи шумо дуруст будааст ва шумо воқеан ҳозир ба шунидани ҳеч ҳарфи интиқодӣ ба адресатон набудаед.”
“Магар САҲА чӣ мехост аз шумо ва ҳам аз мухолифонатон?! Шумо муддаъӣ будед, мухолифони шумо ва бахусус ҲНИТ “терурист” ва “экстримист” ва “доъишӣ” аст! Мухолифонатон аммо мегуфтанд, инҳо ҳама тӯҳмат аст ва ҳукумат дурӯғ мегӯяд ва балки худаш худкома аст! САҲА, на ошиқи чашму абрӯи мухолифони шумост ва на дӯстдори шумо. Ӯ мехост, бидонад, муддаои кадом тараф дуруст аст ва кадомин нодуруст. Ҳоло, ин “теруристҳо” бо далел ва мадрак дар ин нишаст ҳузур пайдо карданд ва ба гӯши ҷаҳониён расонданд, ки на “терурист”-анд ва на “доъишӣ” ва фақат ҳаққи худро мехоҳанд; мехоҳанд кишварашон воқеан демукротик бошад, ба касе бе ҷиҳат ситам нашавад, касе бе далел вориди зиндон нагардад, озодӣ дар кишварашон соя афканад.”- таъкид кард ӯ.
Дар идома, ин коршинос гуфт: “Шумо ҳам метавонистед, бо далел ва мадрак, бидуни “ҳушдорҳои” беҷо, дар ин нишаст ҳузур биёбед ва ба гӯши ҷаҳониён ва ин созмонҳо бирасонед, ки ба ин далел ва он далел, мухолифони мо “терурист” ҳастанд. Аммо шумо коре кардед, ки барои ин созмонҳо собит шуд, ки ҳозир нестед, ҳеч интиқодеро гӯш кунед. Оё худкома будан ғайр аз ин аст?!”
Дар охир ин иқдоми хоми ҳукумат ва ҳамзамон ҳузури фаъоли ҲНИТ дар ин конфронсро пирӯзӣ арзиёбӣ карда, гуфт: “Бо ин ҳисоб, бар инҷониб намемонад ҷуз ин ки тамосе бо Муҳйиддин Кабирӣ бигирам ва ин пирӯзии навбатиро барояш табрик бигӯям!”