Рубрики Хабарҳо

Путин расман сабти ном кард

Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин барои ширкат дар интихоботи соли 2018-и раёсати ҷумҳуриии ин кишвар, сабти ном кард.

Бино ба гузориши хабаргузории  Rossia Today, рӯзи 27 –уми декабр, Комиссияи марказии интихоботии Русия ҳуҷҷатҳои лозимаи В.Путинро қабул кардааст ва се рӯз фурсат дорад, ки бо баррасии ҳуҷҷатҳо, тасмими ниҳоӣ дар бораи номзадии Путинро эълон кунад.

Дойче-Велле хабар додааст, ки Путин шахсан ҳуҷҷатҳояшро ба Комиссияи марказии интихоботии Русия супурдааст.

В.Путин дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ҳамчун номзади худпешбар иштирок мекунад ва бино ба иттилои расонаҳо беш аз 600 сиёсатмадор, фаъол ва чеҳраҳои машҳури Русия гурӯҳеро бо кӯмаки ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ташкил кардаанд, ки аз номзадии Путин ҳимоят хоҳанд кард.

Ду рӯз қабл, Комиссияи марказии интихоботии Русия, номзадии Алексей Навалний аз сиёсатмадорони мухолифи Путинро рад карда буд. Дар ҳамин ҳол имрӯз 27-уми декабр, А.Навалний дар саҳифаи Твитери худ, мардумро ба эътирози умумирусиягӣ барои рӯзи 28-уми январи соли оянда даъват карда гуфтааст, ки аз мардум хоҳад хост, то интихоботи раёсати ҷумҳуриро бойкот кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *