Рубрики Хабарҳо

Содироти нафти Эрон ба Чин ба болотарин рақам тайи 10 соли гузашта расид

Чин ба унвони бузургтарин воридкунандаи нафти дунё ҳудуди 1.5 милион бушка дар рӯз нафти хоми Эронро дар моҳи ҷорӣ ворид кардааст, ки болотарин рақам аз 2013-ро нишон медиҳад. 

Ба гузориши хабаргузории “Тасним” ба нақл аз “Блумберг” воридоти нафти таҳримшудаи Эрон тавассути Чин ба болотарин рақам тайи ҳадди ақал як даҳаи гузашта расидааст. Афзоиши қимати ҷаҳонии нафт ҷаззобияти нафти арзонтари Эронро барои полоишгоҳҳои Чин бештар кардааст. 

Содироти нафти Эрон дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст ва бештари ин содирот ба Чин анҷом мешавад. 

Воридоти нафти Чин аз Эрон дар 7 моҳи ибтидои соли ҷорӣ ба таври мутавассит баробар бо 917 ҳазор бушка дар рӯз будааст. 

Афзоиши 20 дарсади қимати нафти хоми “Брент” аз авохири июн, талабот барои нафти арзони Эронро болотар бурдааст. Бештари ин нафт тавассути полоишгоҳҳои мустақили Чин дар устони Шондонг харидорӣ мешавад. 

Нафти Эрон маъмулан ба унвони нафти Малайзия дар иттилооти давлатии Чин сабт мешавад ва гоҳе агар махлут бо нафти хоми сангинтари Венесуэла бошад, ба унвони таркиби рақиқшудаи қир гузориш дода мешавад. 

Санъати нафт ба омори ширкатҳои пайгирикунандаи омомри фурӯши нафт дар бораи хариди нафти Эрон такя мекунад чун омори дақиқ дар иттилооти гумруки Чин ворид намешавад. Гумруки Чин воридоти нафт аз Эронро аз июни 2022 сифр нишон медиҳад. 

Нафти хоми Эрон ағлаб бо унвони қири рақиқшуда табақабандӣ мешавад. Тибқи омори гумруки Чин, воридоти нафти сангин дар июн нисбат ба моҳи май 88 баробар ва воридоти қири рақиқшуда 4 баробар шуда ва Малайзия бузургтарин арзакунандаи ин маҳсулот аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *