Рубрики Хабарҳо

Қаламрави Ятимов

Хабари пешниҳоди ворид кардани раҳбари хадамоти амниятӣ ба маъруфтарин рӯйхати таҳримҳо дар ҳар кишваре шӯре бармеангехт. Ҳади ақал дар матбуот. Вале пешниҳоди 23 созмони ҳуқуқи башар оиди ворид кардани Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба рӯйхати Магнитский на танҳо ҳеҷ вокунишеро аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ба бор наовард, балки матбуоти кишвар ҳам ин хабарро “нашуниданд”.

Ҳеҷ расонаи тоҷик ҷуръат накард ин хабарро бознашр кунад. На матбуоти ватанӣ ва на матбуоти вобаста ба хориҷиҳо мисли “Озодӣ”. Ҳатто “Ахбор”, ки мақараш дар хориҷ аз кишвар аст ва як соли охир ҷои “Озодӣ”-ро дорад бо шиддат танг месозаду “Озодӣ”-ро барои ноозод буданаш интиқод мекунад. Албатта “Озодӣ” хабарро барои чанд дақиқа нашр кард, вале зуд ба бойгонӣ фиристод. Баъди огоҳ шудану дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс кашидани корбарон, ин хабаргузории вобаста ба Сенои Амрико хабари кӯтоҳи видеоии дигаре нашр кард, он ҳам дар листи хабарҳои муҳим қарор нагирифт. Дар ҳамин ҳол ин расона аз пирӯзии асби писари Рустами Эмомалӣ гузориши муфассале бо аксу видеоҳо таҳия кардааст, ки рӯзи саввум аст дар листи хабарҳои муҳим қарор дорад.

“Паём” борҳо пешбинӣ карда буд, ки Саймӯъмин Ятимов дорад бо оҳистагӣ ба “серый кардинал”-и тоҷик табдил мешавад. Нишони тасаллути ӯ ба ҳама шохаҳои ҳокимият  6-7 сол қабл пайдо шуда, 2-3 соли охир ҳатто сояаш ба тарсафкан табдил шуд. “Бехабар мондан”-и матбуоти тоҷик аз хабари охир ин далелро ҳам бармало кард, ки таъсири Ятимов ҳади ақал дар матбуот аз таъсири раисҷумҳур бештар шудааст. Чун як чунин хабарҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо “Озодӣ”-ву “Ахбор”, балки “Азия плюс”-у “Озодагон” ҷуръат доранд нашр кунанд. Маълум гашт расонаҳо аз раҳбари КДАМ бештар аз раисҷумҳур метарсидаанд.

Тибқи мушоҳидаҳо ин ҳолат на танҳо дар матбуот, балки тамоми шохаҳои ҳуқумат вуҷуд дорад. Қисмати бузурге аз кормандони давлатиро Ятимов ба ҷосуси кумитааш табдил додааст ва ҳеҷ идораи давлатие боқӣ намондааст, ки дар он гӯши КДАМ вуҷуд надошта бошаду аз ин кумита ҳарос надошта бошанд.

Ятимов замоне ба раҳбарии КДАМ расид, ки мардум тоза ҳайбати КГБ-и шӯравиро фаромӯш мекард ва тавонист он ҳайбатро барқарор кунад. Вале бо фарқ аз КГБ, ҳадафи ӯ танҳо зери тарс нигоҳ доштани мардум нест. Ятимов бо оҳистагӣ идораи давлатро ба даст мегирад ва ҳар рӯз саҳми Раҳмон ва хонаводааш дар идораи давлатро камтар мекунад. Бо боло рафтани таъсираш дар ҳама шохаҳои ҳукумат имкони аз вазифа сабукдӯш шудани худашро ҳам заъифтар месозад. Дар ҳамин ҳол ӯ то ҳанӯз ба бизнеси хонаводаи Раҳмон дахолат накардааст. Онҳоро раҳо кардааст, то бо машғул будан ба ғорати мардум ва ҷамъоварии мол идораи ҳукуматро ба дасти ӯ супоранд. Чун мутмаин аст, ки ҳарчӣ онҳо ҷамъ оварданд рӯзе моли худаш хоҳад шуд.     

Ворид шудан ё нашудани Ятимов ба рӯйхати Магнитский дар ҳоле, ки номи ӯро 23 созмони байналмиллалӣ пешниҳод кардаанд, таъсирашро ба имиҷи бе ин ҳам набудаи Тоҷикистон иваз намекунад. Танҳо ҳамин, ки ин қадар созмонҳои бонуфуз ӯро чун ҷинояткор эътироф кардаанд кофист. Ҳар ҳукумати мардумие баробари ворид шудан дар ин гуна рӯйхат, балки қабл аз он, ин гуна мансабдорро аз мақомаш барканор мекард. Вале ҳукумати Раҳмон на мардумист ва на дигар қудрати ин корро дорад. Раҳмон танҳо замоне қудрати барканории Ятимовро дар даст хоҳад дошт, ки пуштибонҳои пурқудрати хориҷии ӯ аз ҳимояаш даст кашанд. Имкони дасткашии онҳо аз ҳимояи Ятимов ҳам баъди воридшавии номи ӯ ба рӯйхати Магнитский (агар натавонистанд аз воридшавиаш ба рӯйхат ҷилавгирӣ кунанд) бештар мешавад.

Пайдо шудани номи Ятимов дар рӯйхати Магнитский ҳам ӯ ва ҳам Раҳмонро дар назду ду интихоб карор хоҳад дод: Ятимовро назди ин ки ба умеди пуштобонҳояш мунтазир бимонад ва ё даст ба иқдом шавад. Раҳмонро назди ин, ки бо истифода аз фурсат аз бузургтарин таҳдид ба ҳуқуматаш халос шавад ё ба умеди садоқати Ятимов мунтазир бимонад…

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *