Абдуманнон Шералиев
Муваффақияти тими футболи Мағриб чанд рӯз аст, ки сари забонҳо ва сархати расонаҳост. На танҳо расонаҳои варзишӣ. Ин пирӯзиҳои пайдарпай дар маъруфтарину маҳбубтарин навъи варзиш, ки дигар камтар касе онро тасодуфӣ мепиндорад, кишвари Мағрибро дар чанд рӯз ба кулли дунё шиносонд. Бо дӯсте тасмим гирифтем аз пайи дарёфти визои ин кишвар шавем. Мутмаъинан миллионҳо нафар ҳоло нияти сафар ба ин кишвари ҷанубу ғарби Африқоро доранд ва шумори сайёҳон имсол дар Мағриб, ки бе ин ҳам кам нестанд, рекорд хоҳад зад.
Пирӯзӣ дар як мусобиқае, ки ҳеҷ рабте ба сайёҳӣ надорад, метавонад боиси сарозер шудани садҳо миллион доллар аз ҳисоби сайёҳон ба ин кишвар шавад. Паёмади ин пирӯзӣ танҳо маъруфияти исми кишвар дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон нест. Ин пирӯзӣ даҳҳо паёмади дигар дар ҳама ҷанбаъи зиндагии мағрибиҳо хоҳад дошт, ки поёнтар ба он мепардозем. Қабл аз он ба омилҳои ин пирӯзии хиракунанда бингарем, ки аз куҷо маншаъ мегиранд.
Файласуфи фаронсавӣ Жан Жак Руссо дар бораи қудрати ҳамбастагиву эътимод ва хатари парокандагиву нобоварӣ як масали бисёр ҷолибе дорад. Ин масалро аз хотираам меорам ва шояд аз асл ҷо-чое фарқ дошта бошад, аммо муимаъинан маънӣ тағйир намекунад.
Ӯ мегӯяд мардони қабилаеро дар ҷангалҳои Амазонка ё даштҳои Африқо тасаввур кунед, ки барои таъмини хонаводаҳояшон бо хӯрок, шикор бираванд. Онҳо дар водие гавазни нареро мушоҳида мекунанд, ки бепарво мечарад. Барои шикори гавазни нар тирҳои камон ва он ҳам аз дур партобшуда, коромад нестанд. Бояд гавазн тавассути найзаҳое, ки на бо партоб, балки бо зарбаҳои аз пасу пешу паҳлӯ ба танаш ворид мегарданд, аз пой дароварда шавад. Пас, барои расидан ба ин ҳадаф гавазни нар бояд бо ҳалқае ҳарчӣ тангтар иҳота шавад. Ва ҳамаи шикорчиён бояд бо диққати тамом мувозиб бошнад то ҷонварро натарсонанд, бо эҳтиёти дақиқ ба ӯ наздик шаванд. Ҳалқа атрофи гавазн то ҷое бояд танг шавад, ки ҳатто агар то шурӯъи шикор ба фирор рӯ овард, ҳатман ба найзаи як ё ду шикорчӣ бархӯрад.
Дар он водӣ заргӯш фаровон аст, ва ҳангоми ҳаракат ба сӯи гавазн шикорчиён ҷо-ҷо онҳоро вомехӯранд. Имкони шикори заргӯш зиёд аст, аммо шонси шикори гавазн бисёр кам. Дар муқобил, як заргӯш як хонаводаро як бор сер мекунад, аммо як гавазн тамоми қабиларо барои чанд рӯз. Агар фақат яке аз шикорчиён аз фикри ҷамоъат берун шаваду барои таъмини оилааш фикр кунад ва ба заргӯш ҳамла намояд, гавазнро меҳаросонад ва шикори ҳамаи қабила бар абас меравад. Шояд ӯ хонаводаашро бо гӯшти якдафъаина таъмин намояд, аммо қабила гурусна мемонад.
Ин ҷо эътимод ба шарикон низ бисёр муҳим аст. Агар фақат яке аз шикорчиён эътимод ба ҳамқабилаҳояш надошта бошад, ё лаҳзае шубҳа дар дилаш эҷод шавад, тарҷеҳ хоҳад дод, ки аз паи шикори заргӯши худаш шавад.
Ин масал қудрати ҳамбастагӣ ва эътимод ба ҳамдигарро нишон медиҳад, ки дар сурати вуҷуди он байни афроди қабила, ба ҷои як заргӯшаки кӯчак метавон гавазни бузургеро ба даст овард. Ва дар муқобил, хатару зарари адами эътимод ва парокандагиро нишон медиҳад, ки ҳама ба фикри худаш аст, аммо ҳамеша нимгурусна, танҳо ва бо гумони баду бадбинӣ нисбати ҳамқабилаҳояш.
Мураббии тими миллии футболи Мағриб на танҳо як токтики комилан нав, ки иборат аз ба истеҳкоми қалъаӣ табдил додани хати дифоъи тимаш аст, роҳ андохтааст. Балки ӯ тавонистааст так-таки бозигарони тимашро ба шикорчиёни гавазне табдил диҳад, ки ҳамбастагӣ, эътимод ба ҳамдигар ва ҷамъии хавосашон дар дараҷаи олист. Заргӯшҳое, ки ба ин тим халал мерасонанд — нишон додани бозии худ барои ҷалб шудан дар тимҳои маъруф, задани гол ва сабти он ба номи худу касби маъруфият ва ғайра, назди онҳо камтарин аҳамияте надорад. Ҳушу хаёли якояки бозигарон танҳо ба шикори гавазн аст ва ҳар кадом ба 10 нафари дигари тимашу сардори “қабила” — сармураббӣ ва бозигарони дигари эҳтиётӣ эътимоди комил дорад. Камтарин таваҷҷӯҳ ба “заргӯш” ва кӯчактарин шубҳа ба ҳамтимон танҳо аз ҷониби як бозигар метавонист кайҳо тими Мағрибро ба хонааш баргардонад. Аммо ҳамбастагиву эътимод тавонист тимеро, ки на Роналду дораду на Месси ва на Неймару на Мбаппе бар се тими қавитарини Аврупо — Белжик, Испониё ва Портуғол пирӯз гардонад ва Лукакуву Азар, Торресу Олмо ва Роналдуву Пеперо аз майдон ба нишастгоҳҳо ё паси экранҳои телевизорҳояшон дар хонаҳояшон фиристад. Дар навбат Фаронса ва Мбаппеву Ройзман.
Банда на мутахассиси футболам ва на мухлиси ашаддии он. Аммо танҳо диққат дар тафсирҳои ровиёни футбол ва шарҳи мутахассисон дар танафусҳо имкон медиҳад мутаваҷҷеҳ шавӣ, ки барои пирӯзӣ дар футбол камтар аз пирӯзӣ дар сиёсат, тиҷорат, ва ҳатто ҷанг, нерӯву пул масраф намешавад. Ҳар сармураббӣ як сарлашкар, як раисҷумҳур, як раҳбари бизнес-империя аст, ки даҳҳо мушовиру кумакгару иҷрочӣ дорад. Ва мушовиронаш ҳам мутахасисони беҳтарини соҳаҳои гуногун, шурӯъ аз равоншиносу осебшинос то менеҷеру токтикшинос. Ва ташкили як чунин тиме мисли тими футболи Мағриб як кори дастаҷамъонаи “сарлашкар”-у мушовиронаш ва тамоми тиму “сарбозонаш” аст, ки пеш аз ҳама бар ҳамбастагиву эътимод муттакист.
Баргардем ба паёмадҳои муваффақияти тими футболи Мағриб барои ин кишвар. Новобаста аз идомаи бозиҳо, ин тим пирӯз аст. Ба ҳайси аввалин тими африқоӣ, мусалмонӣ, арабие, ки ба даври ниманиҳонӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт ва дар ин роҳ пурқдраттарин тимҳои Аврупоро шикатс дод. Пирӯзии “сарлашкар”-и 47-сола Валид Ракрокӣ танҳо пирӯзӣ дар майдони футбол нест. Паёмади равонии ин пирӯзӣ ба мардуми Мағриб аз паёмади пирӯзӣ дар як ҷанги бузург камтар нахоҳад буд. Ин пирӯзӣ, ки пеш аз ҳама аз эътимоду ҳамбастагӣ сарчашма мегирад, ба мардуми ин кишвари арабии африқоӣ такони бузурге дар роҳи эътимод ба ҳамдигар ва ҳамбастагии миллӣ хоҳад дод, то дар ҷанбаҳои дигар ҳам ба пирӯзиҳо бирасанд. Ҳеҷ чизе ба андозаи як пирӯзии бузург мардумро муттаҳид намекунад.
Ин пирӯзӣ ҳамчунин ба қудрати сиёсии кишвари Мағриб хоҳад афзуд. Онҳое, ки фикр мекунанд, Қатар беҳуда 200 млрд доллар барои баргузории Мусобиқоти ҷаҳонии футбол масраф кардааст, иштибоҳ мекунанд. Ин гуна мусобиқот на танҳо намоиш, балки бадастории қудрати нарм аст, ки таъсираш дар ҷаҳон аз “қудрати гарм” камтар нест. Беҳтарин намунаи қудрати нарм ҳам Қатар аст, ки ду даҳсолаи охир муваффақтарин сиёсат ҳади ақал дар минтақаро дошт ва ҷойгоҳаш дар ҷаҳонро аз як кишвари кучаки биёбонӣ то ҷое боло бурд. ки дар маҳфилҳои сатҳи аввал дорои ҳақи сухан гардад. Ин кишвари кӯчаки Халиҷи Форс ҳоло то ҳаде ҷойгоҳ касб кардааст, ки ба кишвари миёнарав дар баҳсҳои ҳади ақал минтақавӣ табдил шуда ва қудратҳои минтақавие чун Эрону Туркия барои ҳали мушкилоташон бо Ғарб Қатарро миёнарав мегиранд.
Қабл аз он ки Қатар 200 млрд барои баргузории мусобиқот масраф кунад, даҳҳо миллиарди дигар барои дарёфти розигии ФИФА масраф кардааст. Аммо Мағриб аз ҳоло, бо пирӯзии Валид Ракрокие, ки аз қазо дар Порис ба дунё омадаву ба воя расидааст, шонси баргузорсозии мусобиқот дар хокашро ба даст овард. Ва баргузории он ба қудрати нарми ин кишвар хоҳад афзуд. Намунаи таъсири қудрати нарм аммо мисли ин аст, ки як ровии немис барои голи бозигари мағрибӣ «мошоаллоҳ» гӯяд:
Пешрафт, қудрат, султа, сарват ва ҳар фазоиле, ки миллатҳо дар ҷаҳон доранд, танҳо бо ҳамбастагӣ ва эътимод ба якдигар ба даст омадааст. Ҳеҷ миллате, кишваре бидуни шикори якҷояи гавазн бо эътимоди комил ба ҳамдигар, ба пешрафту қудрат даст наёфтааст. Миллатҳое, ки афродашон танҳо ба фикри худу хонавода ва дар паи шикори заргӯшанд, ҳамеша чашми тамаъ ба миллатҳои муттаҳид бастаанд, то пораустухоне аз гавазни бузурги шикориашон ба инҳо бидиҳанд.
Шикастҳо, ақабуфтоданҳо, ҷанги дохилӣ, қафомондагии иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, саргардонии миллионҳо нафар дар хориҷ ва дигар мушкилоте, ки мо тоҷикон дорем, аз ҳамин адами эътимоду ҳамбастагӣ маншаъ мегирад. Мо дар чанд садсолаи охир натавонистаем ҳатто дар шикори гавазн ба тавофуқ бирасем. Яъне баҳси мо ҳанӯз дар марҳалае шурӯъ мешаваду бо хархашаву ҷанг тамом мешавад, ки тасмим бигирем барои шикори гавазн ҷаласа биёроем. Аз мо то на танҳо то шикори гавазн, балки то расидан ба тавофуқ барои шикори гавазн ҳанӯз роҳ тӯлонист.
Аммо шӯълаи умед ҳам вуҷуд дорад. Гоҳе миллатҳо замоне ба ҳамбастагӣ даст меёбанд, ки ба нуқтаи охири заъфи худ бирасанд ва дарёбанд, ки дар остонаи нобудӣ қарор доранд.
Ба умеди расидан ба тавофуқи миллӣ дар шикори гавазни қудрат.