Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), мустақар дар Ню-Йорки Амрико, аз ҳукми рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро интиқод кард ва хоҳони озодии фаврии ӯ шуд.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 28-уми декабр дар изҳороте гуфт, «мурофиаи додгоҳии Пирмуҳаммадзода ба мисли мурофиаи панҷ журналисти дигар пӯшида ва бидуни ироаи далелҳо ҷараён гирифт.»
CPJ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки Пирмуҳаммадзода ва журналистони дигари зиндониро билофосила озод кунанд ва ба маъракаи бадномкунии матбуоти мустақил хотима диҳанд.
Пирмуҳаммадзода рӯзи 26-уми декабр дар мурофиаи паси дарҳои баста ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш гуфтанд, додраси мурофиа ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони мамнуъ айбдор кард. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро беасос номиданд.