Рубрики Хабарҳо

Путин гуфт Русия қодир аст аз худаш дифоъ кунад

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, нерӯи сегонаи ҳастаии Русия, шомили зердарёиҳо, мушакҳои заминпоя ва ҳавопаймоҳои роҳбурдии муҷаҳҳаз ба мушакҳои ҳастаӣ ба мавқеияте расидааст, ки метавонад амнияти Русияро таъмин кунад.

Владимир Путин рӯзи душанбе дар дидор бо мақомҳои низомии аршади рус афзуд, зарурӣ аст дар посух ба ҳузури мушакҳои Ғарб дар иқдоме фаврӣ ва мутақобил, мушакҳо дар манотиқи муҷовири марзҳои Русия мустақар шавад.

Вай изҳор дошт, ки саҳми таслеҳоти пешрафта дар и Русия бояд ба 80 дарсад бирасад.

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин гуфт, таҳаррукот ва фаъолиятҳои низомии нерӯҳои паймони дар наздикии марзҳои Русия мутаваққиф намешавад.

Путин ҳамчунин дар бораи эҳтимоли афзоиши ташаннуҷ дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ ва Ховари Миёна ҳушдор доду афзуд: Шароити густариши вируси корона рафтори тавъам бо масъулиятпазирии ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро металабад, аммо муноқишоте, ки рух медиҳад суботу амнияти кишварҳоро ба хатар меафканад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *