Рубрики Хабарҳо

Сарвазири собиқи Ҷопонро бозпурсӣ мекунанд

Сарвазири собиқи кишвари Ҷопон Синдзо Абэ мувофиқи иттилои манбаъҳои оҷонсии Киодо, дар истифодаи ғайриқонунии маблағ барои пардохти зиёфатҳо гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи ин ожонсӣ, ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирии хашми мардум аст, то эътимодашон бар сарвазири феълӣ Ёсиҳидэ Суге коста нагардад.

Ҳизбҳои оппозисиюн аз Синдзо Абэ талаб карданд, ки барои маблағи тайи солҳои 2015 то 2019 барои хароҷоти зиёфатҳо дар меҳмонхонаҳои боҳашамат сарфкардааш ҷавоб гӯяд. Ин хароҷот 9 миллион йенро (тақрибан 90 ҳазор доллар) ташкил кардааст.
Синдзо Абэ моҳи сентябр бо сабаби вазъи нохуби саломатӣ истеъфо дода буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *