Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судур як “фатво” харидани билети ҳарбиро ба ҷавонони Тоҷикистон ҳаром эълом кардааст.
Маркази ислмоӣ ин “фатво”-и худро дар посух ба суоли яке аз корбаронаи сомонааш бо номи Мардон содир карда, ки пурсидааст: Ман мехоҳам, ки намоз хонам ва барои ҳамин ба хидмати аскарӣ наравам. Оё билети ҳарбиро бо пул гирам бихарам, дуруст аст? Дигар ин ки дар вақти хидмат ба хондани намоз иҷозат намедиҳанд ва боз қасам хӯрдан даркор аст.
Шӯрои уламо дар посух ба ин суол навиштааст: “Хидмати Ватан барои ҳар фарди кишвар амри зарурӣ аст, аз ин рӯ, харидани билети ҳарбӣ ҳаром аст. Дар вақти адои хидмат барои хондани намоз ҳеҷ монеае нест, қасам ёд кардан бошад, барои садоқат ба Ватан ва хидмат ба он аст, на барои гуноҳ ё хиёнат.”
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин “фатво”-и худро дар ҳоле содир кардааст, ки мо дар мавсими сафарбарнамоии тирамоҳии наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарор дорем ва дар муддати 25 соли истиқлолият ҳукумат натавонистааст, муваффақ шавад, то ҷавонон довталабона ба хидмати ҳарбӣ раванд.
Аз ҷониби дигар дар Тоҷикистон як соли охир марги беш аз 10 сарбоз дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ расонаӣ шуд, ки то ҳол сабаби марги аксари онҳо барои наздикону пайвандонашон пурра рӯшан нашудааст. Шумори мардҳое, ки ВАО аз онҳо бехабар монданд, маълум нест. Бинобар ин, қисми зиёди ҷавонон бо баҳонаҳои мухталиф аз пайвастан ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сарпечӣ мекунанд.