Меҳмоншо Шарифов
…Вазъи фарҳанги-сиёсии мо имруз чи гуна аст… Дақиқан дар намоиши навбатии худ баъди кушторҳо, зиндонкуниҳо ва фишорҳои навбатии худ дар Бадахшон ҳукумати марказӣ бо хокшапҳои музофотии худ дар Бадахшон исбот карданд, ки ҳама чизро дар Тоҷикистон ҳамчун туҳфа ёфтаaнд.
Вақте рузноманигорони ҳукуматӣ оҳанги “ватандорӣ” ва «чорбоғи боло»- ро -ро дар кучаҳои шаҳри Хоруғ монда мегарданд, воқеаҳои дируза ба ёд меоянд, ки мардум баъди куштори Гулбиддин Зиёбеков аз ҳукумати марказӣ умеде дошт ва талаби адолат мекард, вале қисмеро бераҳмона куштанд, қисмеро зиндонӣ карданд, ва хомушонро ба ҳудудҳои ‘ватан’ дохил ва гурехтагонро ҳамчун ‘хоинон’ муаян карданд. Акнун омадаанд, ки аз будани ‘ҳукумат’ дарак бидиҳанд. Ин аст фаслафаи ҳукумати хусусишуда ва соягӣ… Дақиқан Хоруғ, ки ҳадаф доранд дар якҷоягӣ бо чекист Мирзо на бо туф ба як шаҳри ҳарби-ҷиноятии сарҳадӣ табдил дода бошанд, хомушии қабристонро дорад ва акнун мардумро маҷбур кардаанд то ба пешвози ‘пешво’ бароянд. Мардумеро, ки дар рузи равшан азизонашонро қатли ъом карданд ва аз куҳҳову деворҳо ҳам муқаддасоташонро тарошиданд, сухтанд ва канданд, мехоҳанд биханданд, бирақсанд ва маддоҳӣ кунанд. Имруз суруд мехонанд, даф мезананад, дар маҷлисҳо маддоҳи мекунанд, дурӯғ мегӯянд ва ваъдаҳо меҳиҳанд, вале садои воқеъият дар гуши мардум хубтар садо медиҳад, ин садои беномусӣ, бешармӣ, ноҷавонмардист ки мардум акнун хуб дарк кардаанд ва онро бо ягон садои дафу карнай наметавон пахш кардан. Аслан бисту чанд сол боз ин ҳукумат дар Бадахшон ва на фақат дар Бадахшон, чархи панҷуми ароба буд ва ҳаст…
Акнун дар пойтахт нависандаеро ба ҷурми маҳалгироӣ’ боздошт карданд ва имруз дар Хоруғ баъди шаҳид ва зиндонӣ кардани ҷавонмардони Хоруғ аз ‘ватандорӣ’ ва корномаҳои ‘ягонаи давр’ ҳарф мезананд… Вале, Хиёнате, ки ҳукумати имрузаи Тоҷикистон ба давлату миллати Тоҷикистон карда имруз дар Бадахшон пурра ошкор шуд. Ин танҳо куштан, зиндони кардани беҳтарин ҷавонмардон ё руйи рост зери бастани мактабҳо ва зери фишор қарор додани ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон нест, балки ин ҳама нуктаи равшанест, ки ин мардум давлат надоранд… Аслан ин ‘ҳукумат’, ки ҳоло даъвии ҳастӣ мекунад, зери қа’ноти Аълоҳазрат тавонист худро ба мардум дар Бадахшон наздик кардан… Ва баъди ин фоҷеъаҳо ва ҳодисаҳо зиёд буданд мардуме, ки гуфтанд ин ҳукумат дар сарзамини худ дорад ҳамчун таҷовузкор амал мекунад…
Бисёриҳо ҳануз дарк накардаанд, ки ин ‘шоҳроҳ’ ҳануз ҳам шоҳроҳи чинаст, ки бо қарз ё бо садақаӣ Чин сохта мешавад ва ҳоло танҳо як гуруҳи фасодкор ба фоидаи худ доранд аз он истифода мекунанд. Ин роҳҳо на фақат роҳҳои мардуми Бадахшонанд, балки аҳамияти стратегӣ (ҳарби-сиёсӣ) доранд, ки минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистонро дар марзҳои Афғонистону Чин пайванд мекунанд. Бале ба ҷуз роҳҳо ва ба ҷуз дидбонгоҳҳои ҳарбӣ ин мардуманд, ки марзӣ давлатанд. Дар ин минтақа дар ин Бозии Дуюми Бузург мардум бояд худ бозингари асли бошанд. Бале марзӣ давлат мардуми ин давлатанд, вале мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, ки амалдорони ин ҳукумат манфиатҳои ин мардум ва марзҳои давлатиро фурухтаанд ва сарҳадро ба манбаъи пул кор кардан табдил додаанд. Бубинед, агар зиёии ин ҳукумат ҳарфу маъни мефурушад, амалдорони ин ҳукумат хоку обу мардуми ин сарзаминро мефурушанд. Замоне, ки қудратҳои ғайр марз, ҳудудҳо, арзишҳо ва ҳуввияти мардумро муаян карданд гузашт, акнун бояд давлати Тоҷикистон худ ин гуна сиёсат дошта бошад, вале имруз ҳукумати Тоҷикистон исбот кард, ки ба манфиати давлат ва миллати Тоҷик кор намекунад ва аслан зарфияти ин корро надорад. Наметавонанд фазои ягонаи равони- фарҳанги- иқтисоди- иҷтимои ва сиёсии мардуми ин сарзаминро ташкил кардан ва аслан ‘фазо”-ро аз “ҷой” ва “қудрат”- ро аз ‘қувва” фарқ накардаанд. Ва ҳануз ҳам ба ҳукми помирӣ, панҷакентӣ, ғармӣ, нурободӣ ва ғайра будан боздоштат мекунанд ва муддати дароз равонаи зиндон. Чун сухан аз ҳукумати Бадахшон ва ё аз ҳукумати марказӣ меравад, воқеъаҳои даҳ – понздаҳ cоли охир пурра исбот карданд, ки дар Тоҷикистон ‘давлат’ ҷуз ҳиҷоб, ки қафои он гуруҳе ба фасод, дуздӣ ва дуруғ машғуланд чизи дигар нест. Бале, барои ин мардум воқеъан давлат ва ҳукумате заруранд, ки тавонад мушкилиҳои дохилии ин сарзаминро ҳал намудан ва дар бозиҳои сиёсии минтақа худ бозингарии аслӣ будан…
Дақиқан, ин шоҳроҳ, ки мардумро дар Рушон гӯё ба хотири он бераҳмона куштанд, аз чин аст шоҳ ҳам Чинист… Ҳар ки бо роҳи заминӣ аз Чин вориди Тоҷикистон шуда бошад ин воқеъиятро хуб метавонад дидан ва дарк кардан, ки дар ин сарзамини аз Шӯравӣ боқӣ монда ба ҷуз чорчубаҳои куҳна чизи дигаре намондааст ва дақиқан ҳис мекуни, ки ба як фазои беҳаракат, таърихан шахшуда ё ба як осорхонаи аз Шӯравӣ боқимонда ворид шудаӣ. Ҳамон роҳҳои таъмирнодидаи замони Шуравӣ, ҳамон қашшоқии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, гурезаҳо, маҷбуран ба муҳоҷират рафтаҳо, сарзамини фасод, дуздиҳо, лофҳо ва дуруғҳо ва маддоҳҳо шудааст…
Лоф мезананд, ки барои обод кардани роҳи Ванҷ — Рушон пул ҷудо кардем ва ҳама медонем, ки пулро Чин ҷудо карда буд ва шояд қисми ин сармояро барвақт аз худ кардаанд …Ва роҳбарони ин сарзамин ҷуз лоф задан, насиҳат кардан ва афсона гуфтан кори дигар надоранд. Аҷиб пулро Чин ҷудо мекунад, ва ин қавми фасодкор лоф мезанад ва афсона мегуянд, ки ‘роҳи шуморо кутоҳ мекунем”, ‘ба афсона табдил медиҳем…’, аслан фаромуш кардаанд, ки агар сифати зиндагии мардумро танҳо аз руи роҳҳояш муаян кардани бошем ин мардум дар давраи Шуравӣ то ҷое дар афсона’ мезистанд, ки ба ҷуз роҳҳои заминӣ боз роҳҳои ҳавоӣ ҳам доштанд, ки дар ноҳияҳо ин чизро кайҳо фаромуш кардаанд ва ба афсона табдил ёфтаааст. Масалан, майдони ҳавоии Ванҷро нисфашро об бурда ва нисфаш ба чарогоҳ табдил ёфтааст, ки наслҳои нав дигар бовар намекунанд, ки замоне мардум бисёр одӣ дар 45 дақиқа ба пойтахт метавонистанд сафар кардан. Инро афсона мегуянд. Бубинед, роҳи Уш -Хоруғ дар се сол сохта шуд ва роҳи Сталинобод (Душанбе) – Хоруғ дар мудатти як сол (1940), аслан бо белу каланд, бароварда шуд. Воқеан, як сохтмони байналхалқӣ буд, ки дар он миллатҳои гуногуни давлати Шуравӣ иштирок карда буданд. Ва имруз роҳи Қалаихум -Ванҷ -Рушонро бо вуҷуди будани роҳ ва технологияи навтарин дар муддати се сол сохтанианд. Коре ки дар муддати ҳашт моҳ ва ё як сол метавон тамом кардан дар муддати се сол кашол дода шавад? Чиро роҳи Душанбе -Тавилдара- Қалъаихум -Хоруғ таъмир карда нашавад ва ё ин мардум ва ин роҳ дигар қисми Тоҷикистон нестанд? Ман аминам, агар ин ҳукумати фасодзада, дузд ва дуруғгӯ намебуд дар ин мудати бист — сӣ сол ин мардум ҳама роҳҳои заминӣ ва ҳам ҳавоиашон барқарор мебуд…
Ҳар ҷинояте, ки хоҳанд анҷом медиҳанд ва аслан дарк накардаанд, ки ин сарзамин соҳиб дорад ва садсолаҳо боз барои ин хоку об ва имону ҷони худ мубориза кардаанд ……ва ин ҳама сиёсат(бе)мадор – шоир= хокшап ва дарк накардаанд… боз қуллаҳое вуҷуд доранд ки онро ин қавм аслан тасаввур ва дарк кардан наметавонанд…балки дар ин фазо нафас гирифтан наметавонанд, зеро барои будани ин махлуқҳо баландӣ мекунад… масалан дарки номус сахт мушкил аст ва дар ин баланди на ҳар хас нафас кашидан метавонад… ё дарк ва ҳис кардани мухторият ихтиёр ва ё автономия…ҳисси қонун ташкили ҳукумронии қонун роҳбарии солим ва ҳифзи моликияти мардум ва дар ин сарзамин аз маъниҳои бунёдии номусанд…
Ин истилоҳест, ки садсолаҳо боз дар таркибҳои фарҳанг ин мардум шакл шакл гирифта…ин аст, ки ин ҳукумат аслан ин фазои солими сиёсиро ки дар Бадахшон шакл мегирифт аз байн бурдани шуд…ин фазои умуми мардумии (public space) Бадахшон буд, ки барои фазои воқеъан сиёсӣ имкони будан медод…дар ин фазо ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ҷамоъатҳои гуфтугӯ, баҳсҳо ва гунгогунии афкор шакл мегирифтанд ва мустаҳакам мешуданд. Ва ин гуна фазоро ин ҳукумат дар пойтахт ва дигар минтақаҳо пурра аз байн бурд ва дар Бадахшон ҷомеъаи шаҳрвандиро миёнашро шикастани шуд ва ҳуқуқшиносҳо ва сиёсатмадорони ҷавонро, ки Тоҷикистони навро сохтани буданд кушт ва зиндони кард. Мақсади аслии ин ҳукумати марказӣ ин шикастани ҳамин таркибҳои зарурӣ барои шаклгирии фазои сиёсӣ дар Бадахшон ва умуман дар Тоҷикистон буд, зеро ин ҳукумат худ наметавонад бозингари аслии сиёсӣ дар минтақа ва дaр дунёи имрӯз будан…
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф