Рубрики Хабарҳо

Моҳи август гази моеъ дар Тоҷикистон 50% гаронтар шуд

Қимати гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафта, дар бархе манотиқ то 6 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи август серистеъмоалтарин сӯзишвории автомобилӣ дар кишвар аз 4 то 4,2 сомонӣ арзиш дошт. Яъне нарх дар як моҳ ҳудуди 50% боло рафтааст.

Сабаби болоравии қимати газро мақомот ба гаронтар шудани он дар бозори кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд. 

Ҳафтаи гузашта қимати гази моеъ аз 4,2 сомонӣ ба 4,8 расид. Имрӯз, 22-юми август, ин навъи сӯзишворӣ дар Хуҷанд 5,3, дар Душанбе 5,6 ва дар Бохтар 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *