Рубрики Хабарҳо

Даргирии марзӣ дар остонаи дидори сарони Озарбойҷону Арманистон

Озарбойҷон ва Арманистон дар остонаи музокироти сарони ду кишвар дар Брюссел якдигарро ба “таҳрикоти марзӣ” муттаҳам карданд. Қарор аст Алиев ва Пашинян, сарони ду кишвар бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ба зудӣ паймони сулҳи доимӣ имзо кунанд. 

Вазорати дифоъи Арманистон рӯзи панҷшанбе 11 май дар баёнияе эълом кард, ки нерӯҳои Озарбойҷон “мавозеъи Арманистон дар минтақаи Сотек”-ро бо тӯпу хумпора гулӯлаборон карданд ва дар натиҷаи ин даргирӣ се низомии арманӣ захмӣ шуданд. 

Вазорати дифоъи Арманистон ҳамчунин гуфтааст, ки нерӯҳои артиши ин кишвар “иқдомоти дифоъии муносиб”-ро гирифтаанд. 

Вазорати дифоъи Озарбойҷон ҳам Арманистонро ба гулӯлаборони мавозеъи Озарбойҷон дар марз муттаҳам карда ва ин иқдомро “таҳрикомез” хондааст. Ин вазоратхона гуфтааст, тарафи арманӣ дубора оташбаси тавофуқшударо нақз кардааст. 

Тибқи додаҳои вазорати дифоъи Озарбойҷон, як сарбози озарбойҷонӣ шомгоҳи чаҳоршанбе 10 май бар асари исобати гулӯлаи Арманистон маҷрӯҳ шуд ва шиллики хумпора то субҳи панҷшанбе идома доштааст. 

Дидори Пашинян ва Алиев дар Брюссел 

Даргирии марзӣ миёни ду кишвар танҳо чанд рӯз пеш аз дидори Никол Пашинён, нахуствазири Арманистон ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар Брюссел иттифоқ афтодааст. 

Қарор аст сарони ду кишвар рӯзи якшанбе 14 май дар Брюссел дидор кунанд. 

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, музокироти сулҳ бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо бояд ба “боло бурдани субот дар Кафқази ҷанубӣ ва одисозии равобити байни ду кишвар” кумак кунад. 

Намояндагони Арманистон ва Озарбойҷон ахиран низ дар наздикии Вашингтон бо миёнҷигарии Амрико мулоқот ва музокира карданд. 

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико пас аз ин дидор аз “пешрафти эҳсосшаванда ба сӯи тавофуқи сулҳи пойдор” сӯҳбат кард. 

Пашинян: эҳтимоли имзои тавофуқи сулҳ бо Озарбойҷон заиф аст 

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи панҷшанбе 11 май Озарбойҷонро муттаҳам кард ба думболи “тазъифи музокирот”-и Брюссел аст. 

Нахуствазири Арманистон гуфт: “назарам дар бораи рафтан ба Брюссел тағйир накарда бо ин ҳол, эҳтимоли имзои тавофуқи сулҳ бо Озарбойҷон дар ин нишаст бисёр заиф аст. Пешнависи тавофуқ ҳанӯз дар марҳалаи бисёр муқаддамотӣ қарор дорад ва сӯҳбат аз имзои ниҳоӣ ҳанӯз зуд аст.” 

Озарбойҷон ва Арманистон ду ҷумҳурии воқеъ дар Кафказ аз замони фурӯпошии Шӯравӣ бар сари минтақаи Кӯҳистони Қарабоғ бо ҳам ихтилоф доранд ва то кунун ду бор байни ду кишвар бар сари ин мавзӯъ ҷанг дар гирифтааст. 

Дар ҷанги дувуми Қарабоғ, ки дар соли 2020 иттифоқ афтод, беш аз шаш ҳазору 500 нафар кушта шуданд. Дар он замон ду кишвари ҳамсоя бо миёнҷигарии Русия як тавофуқномаи 10-модаии оташбас имзо карданд. Аммо ин тавофуқнома ба сулҳи комил наанҷомид ва даргириҳои маргбор дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон идома ёфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *