Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабари дарафтодани се нафарро ба худаш тасдиқ карда гуфтааст, ки алъон дар беморхона қарор борад ва вазъи саломатиаш хуб нест.
Ин хабар зоҳиран аз тарафи кадом корбари шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки Зоиров онро бо тасдиқи худаш бознашр кардааст. Дар он омадааст, се нафар — ду мард ва як зан ба раиси ҲСДТ дарафтода ӯро маҷрӯҳ кардаанд ва дасти рости ӯ аз кор мондааст. Тибқи иттилои худи Зоиров ҳам алъон дасти ӯ дар гипс қарор дорад.
Матни хабаре, ки Раҳматилло Зоиров онро тасдиқ ва бознашр кардааст, ба шакли зер аст (бидуни таҳрир нашр мешавад):
ХУЧУМИ НАВБАТИ БА РАХМАТИЛЛО ЗОЙИРОВ
Рузи 9 ноябри соли 2017, тахминан соати 19.00, дар пахлуи куприки микронохияи 103 – уми шахри Душанбе ду мард ва як зан хучуми навбатии гаразноку супориширо нисбати Рахматилло Зойиров — раиси Хизби сосиал-демократи Точикистон ба амал овардаанд.
Аввал зане, ки тахминан дар синни соли 35-40, дар либоси милли, бо дидани Рахматилло Зойиров, ки саги худро ба сайр бароварда буд, уро бе ягон сабаб «Садкаи мусалмон шав, бенамозу ноинсоф, узбаки падарлаънат» ва гайра гуфта тахкир карда, таваччухи охиринро ба худ чалб менамояд.
Аз кучо чавоне, тахминан 28-30 сола пайдо шуда, шаъну шарафи Рахматилло Зойировро «Ту Зойирови ватанфуруш, хоини миллат, боз ба чумхури баргашта кори сиёхи худро давом медихими?» ва гайра гуфта, паст мезанаду, ба худ чалб мекунад. Дар ин вакт, бе ягон овоз, марди шарики онхо, ки тахминан 45 сола, Зойиров уро пайхас набурда буд, аз пушти Р.Зойиров омада бо кубури охании дастадор ба сари охирин пинхони зарба задан кушиш мекунад, ки Зойиров хис карда бо дасти росташ сарашро химоя мекунад ва зарба ба панчаи даст расида, даст аз кор мемонад.
Дуюм зарба ба пушти Зойиров мерасаду, пои у, аз як тараф, даруни чу меафтад, аз дигар тараф, саги Зойиров нисбати хамлакунанда бо шиддат харакат мекунад, ки бо сабаби занчири саг ба дасти чапи Зойиров бастаги буд, саг кашида Зойировро мегалтонад.
Зойиров аз чояш хезта, тарафи марди зарба зада харакат мекунад, ки у аз зинаи куприк фуромада гайб мезанад, Зойиров бошад саги худро бо сабаби дасти рост аз кор монданаш, аз занчир озод карда наметавонад. Дар поёни куприк, назди истгох, чанд нозири рох бо боздошти мошинхо машгул будаанд, Зойиров онхоро барои ёри фарёд мекунад, ки онхо ахамият намедиханд. Аз ин истифода карда, бачаи чавону ва зан, ки уро тахкир кардаги будаанд, гайб мезананд.
Азбаски дасти рости Зойиров аз кор мемонад, у то имруз бо аризаи хатти ба макомоти дахлдор мурочиат накардааст, аммо ба кормандони маъсули ШКВД ва КДАМ ба воситаи телефон хабар дода, бо онхо вохурдааст. Аммо, то имруз кори амалии ин макомотхо маълум нест.
Рахматилло Зойиров сихату саломат, хаста нашудааст, ин рузхо табобат дорад ва рузхои наздик тафсилоти ин ва дигар ходисахоро худашон баён мекунанд.
Танхо, аз ин ходиса чанд савол ба миён меояд, мухимтарин аз онхо:
— ин шахсхо кихо будаанд, онхо бо супориши ки ва ба манфиати ки ин хамларо ба амал овардаанд?
— то кай нисбати Рахматилло Зойиров ингуна хучуму суикасдхо давом медода бошад?
— Шумо дустон, аз чумла фейсбукчиён, дар ин бора чи фикр доред?».