Фотима Холова, донишҷӯйи соли аввали факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба кикбоксинг аз 12 то 15 май дар шаҳри Истанбули Туркия доир шуд. Дар он донишҷӯйи шуъбаи фосилавии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ Зуҳро Холова ҳамчун иштирокчии фаъол дониста шуд.
Дар мусобиқаи мазкур 3536 бозингар аз 77 клуби варзишии 42 давлати дунё иштирок намуд.