Мақомоти Тел-Авив ба баҳонаи ширкат дар ҷунбиши таҳрими Исроил, иҷозаи вуруд ба намояндагони парлумони Аврупо ба ин кишвар ҷиҳати мулоқот бо зиндониёни Фаластиниро намедиҳанд.
Идораи умури гузаргоҳҳои марзӣ, ҷамъият ва муҳоҷират, вобаста ба вазорати кишвари Исроил тайи баёнияе эълом кард: ба намояндагони парлумони Аврупо, ки ҳафтаи оянда қасди сафар ба Фаластини ишғолӣ ва дидор бо зиндониёни Фаластиниро доранд, иҷозаи вуруд ба Исроилро намедиҳем.
Бар асоси баёнияи мазкур, далели ин мамониъат, ширкати онҳо дар барномаҳои ҷунбиши таҳрими ин кишвар мавсум ба BDS аст.
Ба гузориши рӯзномаи «Ҳуаретз», Ория Диръӣ, вазири кишвари Исроил гуфта, ки ин ҳайати муташаккил аз 20 намояндаи парлумон қасд доранд бо Марвон Барғусӣ, аз аъзои аршади ҷунбиш ФАТҲ-и Фаластин дар зиндон мулоқот кунанд.
Ҷунбиш BDS дар сол 2005 таъсис шуда, ин унвон аз се калима boycott (таҳрим), divestment (хориҷ кардани сармоя) ва sanctions (санксия) ташкил шудааст.
Ин ҷунбиш барои поёни ишғолгарӣ ва истеъмори заминҳои Фаластин, ба расмият шинохтани ҳаққи асосии баробарии комили шаҳрвандони араб ва иҷрои ҳаққи бозгашти Фаластиниён тибқи мусаввабаи 194-и Созмон милали муттаҳид фаъолият мекунад.