Рубрики Хабарҳо

 “Сактаи мағзӣ”-и Махдуми Абдусаттор дар зиндон

   Махдуми Абдусаттор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи якшанбе ба кома рафтааст.

Бино ба иттилои манобеъи «Паём.нет» аз мақомоти адлияи Тоҷикистон, тайи ҳафтаи гузашта яку якбора вазъи саломатии Саттор Каримов Самадович, маъруф ба Махдуми Абдусаттор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Муассисаи ислоҳи ҷазоии рақами 1 (кирпичный) вахим гардида, бино бар фишори баланди хун як «сактаи мағзӣ»-еро пушти сар кардааст.

Манбаъ меафзояд, замоне ки фишори хунаш аз ҳад зиёд баланд шуд, масъулини зиндон дар ибтидо ба вай таваҷҷуҳ накарданд, вақте аз по афтод табиби зиндонро даъват карданд, ки акнун дер шуда буд ва Махдуми Абдусаттор  дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Ин дар ҳолест, ки масъулини ин муассиса то кунун хонавода ва пайвандони Махдуми Абдусатторро аз бад шудани вазъи саломатии ӯ огоҳ накардаанд ва ҳатто зану фарзандонаш ҳам аз ин бемории вай хабар надоранд.

Қобили зикр аст, ки дар сабти яке аз мурофиъаҳои маҳбусони сиёсии ҲНИТ, худи Махдуми Абдусаттор дар толори додгоҳ иқрор мекунад, ки ӯ ва ҳамсафонашро дар зиндон шиканҷа ва мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Бо ин вуҷуд, то кунун маълум нест, ки баъд аз пушти сар кардани ин сактаи мағзӣ ӯ дар чӣ ҳолате қарор дорад ва масъулини зиндон, табибони он бо ин бемории вазнин чӣ бархӯрде кардаанд?

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар зиндон имкон ва шароити дармони чунин бемориҳо вуҷуд надорад оё ба наздикони ӯ иҷозати интиқолаш ба беморхона дода хоҳад шуд?

Оё аз нигоҳи ҳуқуқӣ Омбудсмен ва дигар ташкилотҳои ҳуқуқи инсон метавонанд ба ин мавзӯъ расидагӣ намоянд?

  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *