Рубрики Хабарҳо

Имтиёзи нави Тоҷикистон ба Иморот

Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор ба шаҳрвандони Аморати муттаҳиддаи араб имтиёз додааст, ки раводиди худро аз Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дарёфт кунад.

Расонаҳои расмии аморотӣ иттилоъ доданд, ки 14-уми ноябри ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як Барқияи дипломатӣ ба унвони Вазорати хориҷаи Аморот хабар додааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор, ба аморотиҳо имтиёзи дастрасии визаро аз дохили кишвар фароҳам кардааст.

Ба навиштаи ин расонаҳо, аз ин пас шаҳрвандони аморотие, ки дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва оддӣ мебошанд, метавонанд раводиди худро аз Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва дигар гузаргоҳҳои гумрукие, ки намояндагии консулии Тоҷикистон дар назди онҳо вуҷуд дорад, дастрас намоянд.

Аҳмад Саъид Илҳом Аз- Зоҳирӣ, вакили ёвари умури консули дар Вазорати хориҷа ва ҳамкориҳои байналмилалии Аморот гуфта аст: Вазорат ёдошти дипломатие аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дарёфт кардааст, ки дар он омадааст, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор ба шаҳрвандони Амороти муттаҳидаи араб ин имтиёзро додааст, ки онҳо вақте ба ҳудуди маъмурии Тоҷикистон ворид шуданд, дар ҳол ба мақомоти консулӣ муроҷиат карда, раводиди худашонро соҳиб шаванд.

Амороти муттаҳидаи араб ин иқдоми Тоҷикистон як фоли нек арзёб карда, қайд кардаанд, ки ин тасвиби ин қарор дар робитаи дипломатӣ байни ду кишвар сафҳаи наверо боз хоҳад кард ва он метавонад диққати сармоягузорону тоҷирон ва саёҳони Аморотро дар Тоҷикистон бештар ҷалб кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *