Натоиҷи як назарсанҷӣ дар байни тоҷикон маълум кардааст, ки аксари сокинони кишвар бовар надоранд, ки Тоҷикистон дӯсти воқеие дошта бошад.
Бар асоси охирин омори назарсанҷие, ки зери унвони «Дӯсти Тоҷикистон кист?» ҷараён дорад, маълум кардааст, 34 дарсади ширкаткунандагон ба варианти Тоҷикистон «аз худаш намонад» раъй додаанд.
Дар рафти ин пурсиши сотсиологӣ ҳамагӣ 21 фисади раъйдиҳандагон қайд кардаанд, ки Русия дӯсти Тоҷикистон аст. Ҳамзамон натоиҷи ин назарсанҷӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамоно мавъеӣ Ҷумҳурии исломии Эрон дар байни тоҷикон нисбат ба Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳатто тамоми кишварҳои арабӣ бештар буда, 0.8 дарсади корбарон таъкид кардаанд, ки Эрон дӯсти Тоҷикистон аст.
Амрикову Аврупо ва Чин мутаносибан дар байни сокинони Тоҷикистон ҳамагӣ 0.3 дарсадӣ ҷойгоҳ доранд ва мардум онҳоро дӯсти Тоҷикистон медонанд, аммо мавқеи кишварҳои арабӣ дар ин замина як зина болотар буда, дар маҷмӯъ тамоми ин кишварҳо ҳамагӣ 0.4% раъйи иштирокчиёнро касб кардаанд. Дар ин миён 27 дарсад иштирокчиёи ин пурсиш тавсия додаанд, ки Тоҷикистон бо ҳама дӯстӣ кунад.
Ин ҳамапурсӣ беш аз як моҳ инҷониб дар сомонаи иттилоотии «Ахбор» идома дорад ва то кунун дар он 5382 нафа раъй додааст. Дар ҳоли ҳозир аксари онҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон аз худаш намонад!