Назар ба маълумоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 44 нафар шаҳрванди кишвар ба ҷурми одамрабоӣ боздошт ва бо ҳукми додгоҳҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гаштаанд. Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли рафта чаҳор маротиба зиёд будааст.
Ин далели он аст, ки хариду фурӯши одам дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд мекунад.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила дар расми кушоиши Маркази муқовимат бо тиҷорати одамон дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиниятҳои муташаккил (УБОП) аз вуҷуди ин қазияи нороҳаткунанда дар Тоҷикистон исҳори таассуф кард ва гуфт, ки маркази мазкур дар роҳи ҳалли ин мушкил ба мақомоти интизмӣ аз наздик кӯмак хоҳад намуд.
Аз дафтари матбуоти ВКД гуфтанд, ки дар расми кушоиши Маркази муқовимат бо тиҷорати одамон сафири ИМА Элизабет Миллард низ ширкат дошт ва таъкид намуданд, ки ғолибан ин марказ бо маблағи ҳукумати Амрико роҳандозӣ гаштааст. Элизабет Миллард зимни суханронӣ гуфтааст, “Маркази муқовимат ба савдои одамон имкон медиҳад, ки дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон дар ҳамоҳангсозӣ ва якҷоягӣ ба ин хатари ҷаҳонӣ муборизаи беамон баранд.”
Вай таъкид кардааст, ҳукумати кишвараш тасмим гирифтааст, ки дар тамоми нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хеле баду нигаронкунанда кӯмак намоянд ва талош хоҳад варзид, ки одамрабоӣ, хариду фурӯши он дар ин қаламрав ҳарчи зудтар ҷилавгирӣ шавад.
Тиҷорати инсон дар ҷаҳони имрӯз аз масоили доғ ба шумор меравад ва он дар Тоҷикистон боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон соли 2004 қонунеро дар робита ба мубориза алайҳи тиҷорати одам ба имзо расонд, аммо новобаста ба он дар ин раванд корҳо бо кундӣ сурат мегиранд. Саҳти ҷинояти вобаста ба тиҷорати инсон дар Тоҷикистони фасодзада ҳамоно боло буда, созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башарро нигарон кардааст.