Дар як моҳи баргузории маъракаи даъватӣ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 70% иҷро шудааст.
Ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон фарзандони 124 нафар мансабдорону хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ дар давраи даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ барои хидмат ба артиш рафтанд.
Тибқи гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар миёни даъватшудагон ба хидмати ҳарбӣ писарони раисони ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва шаҳри Бохтар, инчунин сардори Раёсати ҳисобдорӣ ва молияи Додситонии кулл, додситонҳои навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ, Мӯъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кулоб ҳастанд.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки соли гузашта дар даъвати тирамоҳӣ аз хонаводаҳои мансабдорон ва дигар хизматчиёни давлатӣ ва коргарон 299 нафар ва ба даъвати баҳории имсола 120 нафар даъват шудаанд, ки 19 нафарашон фарзандони кормандони додситонӣ мебошанд.
Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи кишвар қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ дар назди зердастонаш суханронӣ карда, таъкид карда буд, ки онҳо бояд аз шеваи даъвати иҷборӣ ба артиш худдорӣ кунанд ва фарзандони мансабдоронро бештар ба артиш ҷалб кунанд.
Дар гузашта яке аз сабабҳои фирор аз артишро иддае ба даъват нашудани фарзандони мансабдорон ба хидмат унвон мекарданд, ки боиси нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад.
Радиои Озодӣ бо нашри ин хабар навиштааст, ки, аксари писарони мансабдорон, ки талош мекунанд, дар ниҳодҳои интизомиву қудратӣ кор кунанд, акнун бар асоси қонуни нав агар хидматӣ сарбозӣ накарда бошанд, ин кор имконпазир нахоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш нашрияи «Пайк» рӯйхати 65 фарзанди мансабдори хурду миёнаи ноҳияи Ёвонро нашр карда буд, ки солҳост аз даъват ба артиш халос мешаванд.