Рубрики Хабарҳо

Раҳбарӣ дар асри 21 бо тафаккури асри 19

Дар асри рушди босуръати илму технология дар тамоми ҷаҳон мекӯшанд раҳбарони ҷавону креатив ва дарсхондаро ҷалб кунанд, то ҳади ақал аз соҳа қафо намонад. Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон, ки шарти расидан ба мансаб доштани риштаи пайвандӣ бо раисҷумҳур ё пардохти маблағи бузург аст, аксарияти курсиҳои мансабро мӯйсафедоне соҳиб шудаанд, ки ҳарчанд таҳсилашон дар асри 20 гузаштааст, тафаккурашон бо сабабҳои маълум аз асри 19 мебошад.

Агар сабаби аввали рукуди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон фасод ва ришваситонии саросарӣ бошад, сабаби дуввум ҳамин тафаккари асримиёнагии мӯйсафед-вазирон аст. Онҳо на танҳо вазорату кумитаҳоро ба бизнеси шахсии худ табдил додаанд, балки роҳҳали дилхоҳ мушкилро дар бозгашт ба ақаб мебинанд.

Охирин ибтикори Кумитаи андоз ҳам дарак медиҳад масъулини ин кумита аз камтарин хусусиятҳои кори интернет огоҳ нестанд. Ва бидуни ин ки аз мутахассисе машварат гиранд, хаёлпардозии худро ба ширкатҳои интернетрасон бор карданӣ шудаанд.

Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ талаб кардааст ҳар дақиқаи гуфтугӯи муштариёнашон тавассути паёмакрасонҳои Viber, Whatsapp, IMO  ва ғайраро ҳисоб намуда, аз он андоз супоранд. Албатта ширкатҳои мобилӣ посух додаанд, ки ин кор ғайриимкон аст, аммо андозчиҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд ба ҳамон замоне, ки аз гуфтугӯҳои байналмиллалии мардум андози ҳангуфт мегирифтанд, баргарданд. Замоне ки паёмакрасонҳо, телефонҳои ҳушманд вуҷуд надоштанд ва мардум маҷбур буд барои ҳар дақиқаи занги телефонӣ 1 сомону 20 дирам пардохт кунад.

Қаблан кумита бо ҳамдастии раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ NGN-ро баст ва хост пои паёмакрасонҳоро аз Тоҷикистон барчинад, то мардум маҷбур ба зангҳои муқаррарии телефонӣ шавад. Бег Сабурӣ, қудои Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ки системаи алоқа дар Тоҷикистонро ба бизнеси шахсиаш табдил додааст, аз ин кор манфиатҳои зиёд мебардошт. Надонистани камтарин қоидаҳои технологияи муосир ва бозор ин ду мӯйсафедвазирро сӯи орзуҳои бузург бо баргашт ба бист соли қабл бурд, ки натиҷааш ба кулли кишвар маълум аст.

Инак, маълумашон шуд бастани паёмакрасонҳо бидун пурра бастани интернет имкон надорад, монополия кардани NGN бар зарарашон аст, вале орзуи ситонидани андози бузург аз системаи алоқа барои яке ва пур кардани киса аз зангҳои мардум барои дигаре ҳанӯз побарҷост. Акнун мехоҳанд NGN-ро баргардонанд, чун имкони ҳисоб кардани дақиқаҳояш вуҷуд дорад: Кумитаи андоз аз Хадамоти алоқа талаб кардааст ба ҳама ширкатҳо иҷозаи фаъолсозии NGN-ро диҳад.

Ҳатто ҳамин дархости Кумитаи андоз пас аз як соли манъи NGN барои як корбаре, ки камтарин шинохт аз системаи алоқаро дорад хандаовар аст — замони NGN ҳам дигар гузаштааст ва додани иҷоза ба ширкатҳо дигар ба фаъолшавии онҳо кӯмак намекунад. Ҳатто замоне, ки Хадамоти андоз муҷавизи NGN -ро аз ширкатҳо гирифт, шумори корбарони он бо шиддат дар ҳоли камшавӣ буд — аз он танҳо мӯйсафеду кампирҳое истифода мекарданд, ки ё барои хариди телефонҳои ҳушманд пул надоранд ва ё онро истифода карда наметавонанд.

Давоми як соли манъи NGN-ҳо кампиру куҳансолон ҳам маҷбур ба омӯхтани истифодаи телефонҳои ҳушманд шуданд, нархи телефонҳо поёнтар рафт — ҳоло мешавад телефонҳои чиниро ба сад сомон харид.

Андоз аз зангҳои байналмиллалӣ дигар хобу хаёле беш нест, вале NGN як роҳи истифода дорад: Нусратулло Давлатов барои занг задан ба Бег Сабурӣ аз он истифода кунад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *