Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки ҳашт рӯз пеш бо захми корд дар бемористон бистарӣ шуд, ҳолаш хуб шудааст, аммо ҳанӯз зери назорати пизишкон қарор дорад.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода навиштааст, Худоёрзода дар бораи қасди худкушиаш шарҳ надода, танҳо кутоҳ гуфтааст, ки ҳолаш хуб аст, аммо намедонад, кай аз беморхона рухсат мешавад. Инро табибон муайян мекунанд. Ҳоло табобаташ давом дорад.
Худоёр Худоёрзодаи 62-соларо субҳи 11-уми август бо захми корд дар шифохонаи «Истиқлол» бистарӣ карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон расман гуфт, ки вазир қасди худкушӣ дошт ва ӯро наздиконаш наҷот доданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми август гуфт, Худоёрзода ба хотири мушкили оилавӣ қасд ба ҷонаш кардааст.
Бо гузашти даҳ рӯз аз қазияи, ба гуфтаи мақомот, қасди худкушии вазири нақлиёт ин ҳодиса норӯшаниҳои зиёде дорад. Додситонии кул ва наздикони Худоёрзода ҳозир нестанд дар бораи қазия зиёд суҳбат кунанд.
Худоёр Худоёзода аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст. Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.
Ба иттилои расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушӣ ё кӯшиши худкушии сокинонро сабт мекунанд. Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи апрели имсол дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки соли 2019 дар кишвар 632 мавриди даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро сабт кардаанд.