Рубрики Хабарҳо

Бародари Шоҳнаими Каримро бо шиканҷа фалаҷ кардаанд

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Муслим Кузов, бародари Шоҳнаими Каримро (Мирзораҳим Кузов) шиканҷаи ҷисмониву равонӣ мекунанд, то алайҳи бародараш изҳорот диҳад. Беш аз ним сол мешавад, ки хонаводаашаз ҳоли ӯ хабар надорад.

Муслим Кузов беш аз ним сол қабл бидуни эълони иттиҳом боздошт шуда буд ва ҳамин тавр бидуни эълони айб, номҳои додситону додрас ва бе ҳузури вакили дифоъ муҳокима шуд. Додгоҳ ӯро ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тибқи иттилоъи мнабаъи Паём Муслим Кузов дар зиндони рақами 4, маъруф ба “1-ум Советский” нигоҳдорӣ мешавад ва иҷозаи тамос бо наздиконашро надорад. 

Аз ӯ талаб мекунанд, ки алайҳи бародараш Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ, ки дар аврупо паноҳанда шудааст, изҳорот диҳад.  Муслим Кузов бо шиддат шиканҷа мешавад. Дар натиҷаи ин шиканҷа қисме аз бадани ӯ фалаҷ шудааст. Аниқтараш қисми чапи бадани ӯ аз кор монда, биноияш ҳам сахт заъиф шудааст.

Баъди кор надодани шиканҷаҳои ҷисмониву равонӣ, тибқи иттилоъи манбаъ, ҳоло ба ӯ таҳдид карда истодаанд, ки дар сурати надодани изҳорот ҷиянаш Раббониро ҳам боздошт карда ба наздаш меоранд. 

Худи Шоҳнаими Карим низ бо арсхости Интерпол се сол қабл зимни як сафар дар Афина, пойтахти Юнон шуда буд. Аммо додгоҳи ин кишвар парвандаи ӯро сиёсӣ дониста, . 

Як сол қабл мақомоти амниятии Тоҷикистон хонаи Шоҳнаими Каримро, ки иборат аз 3 ҳуҷра буда, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, минтақаи 84-уми пойтахт ҷойгир аст, .

Таъқибу фишори хонавода ва наздикони мухолифин дар Тоҷикистон як амри маъмулист. Солона даҳҳо ҳолати оздошт ва шиканҷаи наздикони фаъолони сиёсӣ расонаӣ мешаванд. Чанде аз ин фишору таъқиб ва шиканҷаҳо ба марги афроди бегуноҳ низ расондаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *