Ҳорст Зееҳофер, вазири кишвари Олмон аз ҳаводорон ва нерӯҳои вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Олмон дархост карда то ба фаъолиятҳои худ дар ин кишвар хотима диҳанд. Фаъолияти чаҳор анҷумани вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” низ дар Олмон мамнӯъ шудааст.
Дар нахустин соати бомдоди рӯзи панҷшанбе, 30 апрел полиси Олмон дар чанд иёлати ин кишвар алайҳи анҷуманҳои вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” ва пайравони ин гурӯҳ ба таври ҳамзамон вориди амал шуд. Сохтмони масоҷид ва марокизи таҷаммӯъи нерӯҳои вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Вазорати кишвари Олмон хабари мамнӯъ шудани фаъолияти ҳама нерӯҳои вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” дар ин кишварро бо интишори як пости твиттерӣ эълом кардааст. Фаъолияти чаҳор анҷумани вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” дар Олмон низ мамнӯъ шудааст.
Аз он ҷо, ки “Ҳизбуллоҳ” расман дафтаре дар Олмон надорад, мамнӯъияти таъйин шуда барои фаъолияти ин чаҳор анҷуман ва ҳамчунин манъи фаъолияти пайравони “Ҳизбуллоҳ” дар Олмон ба маънои мамнӯъияти комили “Ҳизбуллоҳ” дар ин кишвар талаққӣ мешавад.
Пайравони “Ҳизбуллоҳ” ва анҷуманҳои наздик ба он муттаҳам шудаанд, ки аз хушунат алайҳи Исроил ҷонибдорӣ карда ва мавҷудияти Исроилро ба расмият намешиносанд.
Аштиу Алтер, сухангӯи вазорати кишвари Олмон низ бо интишори як пости твиттерӣ эълом карда , ки ин иқдоми Олмон аз он ҳикоят дорад, ки давлат ҳатто дар шароити буҳронӣ низ қодир ба пешбурди вазоифи худ аст.
Тафтиши масоҷид ва марокизи вобаста ба “Ҳизбуллоҳ”
Бар асоси арзёбии масъулони амниятии Олмон, шумори нерӯҳои вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” дар Олмон дар ҳудуди 1050 нафар баровард мешавад. Гуфта мешавад, ки ин афрод дар анҷуманҳо ва масоҷид бо якдигар дидор ва гуфтугӯ мекунанд. Аз ин рӯ, дафотири чаҳор анҷумани вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” дар шаҳрҳои Берлин, Дортмунд, Бремен ва Мюнстер ба таври ҳамзамон тавассути полис ва нерӯҳои амниятӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки иқдомоти полиси Олмон дар шароити кунунӣ наметавонад бо баргузории тазоҳуроти зидди исроилӣ “рузи Қудс” беиртибот бошад.
Давлати Олмон дар авохири моҳи сентябри соли гузашта рӯйкарди худро нисбат ба нерӯҳои вобаста ба “Ҳизбуллоҳ” дар ин кишвар ташдид кард ва бо судури муҷаввизи додситонии Олмонро муваззаф ба таъқиб ва пайгарди фаъолони “Ҳизбуллоҳ” дар ин кишвар намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки фаъолиятҳои чаҳор анҷумани ёдшуда муддатҳо таҳти назорати Созмон иттилооти Олмон қарор доштааст.
Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2013 шохаи низомии “Ҳизбуллоҳ”-ро расман як созмони террористӣ эълом карда буд. Амрико ва Исроил муддатҳост, ки аз Олмон дархост кардаанд то фаъолити нерӯҳои “Ҳизбуллоҳ”-ро дар кишвари худ мамнуъ кунад. Исроил борҳо “Ҳизбуллоҳ”-ро муттаҳам ба анҷоми ҳамалоте алайҳи кишвар худ кардааст.