Рубрики Хабарҳо

Тирандозӣ дар мактабе дар маркази Русия 13 кушта бар ҷо гузошт

Дар ҳамлаи мусаллаҳона ба мактабе дар шаҳри Ижевск, пойтахти ҷумҳурии Удмуртистони Русия 13 нафар кушта ва 21 нафар захмӣ шуданд. Ангезаи ин ҳамла ҳанӯз мушаххас нест. 

Тирандозӣ аз сӯи як фарди мусаллаҳ дар мактаби миёнаи шумораи 88 воқеъ дар шаҳри Ижевск ба кушта шудани 13 тан ва ҷароҳати 21 нафар мунҷар шуд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Удмуртистон, кушташудагон шомили ҳафт кӯдак ва шаш бузургсол ҳастанд. Ду муаллим ва ду нигаҳбон дар миёни қурбониён ҳастанд. 

14 тан аз маҷрӯҳон низ кӯдак ҳастанд. 

Фарди муҳоҷим дар ниҳоят худашро куштааст. 

Ба гуфтаи муфаттиши таҳқиқоти ин парванда, муҳоҷим ба ҳангоми ҳамла кулоҳи маскадор бар сурат ва як курткаи сиёҳ бо аломати нозиҳо бар тан дошта ва ҳеҷ гуна ҳуҷҷатҳои шиносоӣ ҳамроҳаш набудааст. Шахсияти ӯ ҳанӯз эълом нашуда ва ангезаи ин ҳамла низ номаълум аст. 

Мактабе, ки ҳамла дар он иттифоқ афтодааст тахлия шуда ва касе ҳаққи вуруд ба онро надорад. 

Шаҳри Ижевк, ки ҳамла дар он ҷо рӯй дода маркази ҷумҳурии Удмортистон дар 1200 километрии шарқи Маскав аст ва 640 ҳазор нафар ҷамъият дорад. 

То кунун ҳамалоти мусаллаҳонаи зиёде аз ин даст дар мактаб ва марокизи омӯзишии Русия бо чандин кушта ва маҷрӯҳ иттифоқ афтодааст. Ин масъалаи баҳс бар сари контроли аслиҳаро доман задааст. 

Дар моҳи майи соли гузашта як ҷавони 19 сола дар ҳамла ба мактабҳое дар шаҳри Қазон дар ҷумҳурии Тотористон 11 нафарро кушт, ки аксарашон кӯдак буданд. Муҳоҷим дастгир шуда аммо ҳанӯз муҳокима нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *