Хабарнигори ВВС-и форсӣ Дориюш Раҷабиён дар яке аз баромадҳояш тариқи радои ВВС дар боби шуйӯъ ва ҳамагир гаштани вируси куруно дар кишвари Тоҷикистон чунин иттилоеро баррасӣ кард: “Дар оғози ҳамагирии вируси куруно Тоҷикистон ба худ меболид, ки ҳеҷ мавриде ибтилоъ надорад, акнун дар тангнои КОВИДи-19 гирифтор мондааст. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон эълом дошт, ки то 13-уми май 801 тан гирифтори КОВИДи 19 шуданд ва 23 тан аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Аммо он чӣ эҷоди нигаронӣ мекунад, вазъияти воқеӣ дар кишвар аст. Кофист, ки ба фейсбуки марбут ба Тоҷикистон нигоҳе барандозед. Дар саҳфаҳо шумори ҷонбохтагони вируси куруноро дар Тоҷикистон омори расмӣ фақат ду-се тан гузориш медиҳад. Аммо бархе аз чеҳраҳои шинохташудаи кишвар даргузаштанд, ки далели онро бастагонашон вируси куруно мегӯянд. Профессор Баҳриддин Камолиддинов забоншиноси тоҷик ва духтараш Гулнора Камолиддинова, Рӯҳулло Ҳакимзода раиси пешинаи Амонатонк ва писараш Кароматуллоҳ, Хайрӣ Назарова ва Ҳуринисо Сабзалиева ҳунарпешагони номдори синамои тоҷик ва даҳҳо тани дигар дар ҳамин ду-се рӯзи охир чашм аз ҷаҳон барбастанд ва бастагонашон мегӯянд, ки куруно ҷони онҳоро рабудааст. Дар ин миён даҳҳо тан аз бахши дармонии кишвар ҳам ҳастанд, аммо дар омори расмӣ ин маворид зикр нашуда.”
Дар идомаи ин гуфтор Дориюш Раҷабиён бо яке аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт доктор Патрик Оконор, ки ду ҳафта қабл бо даъвати давлати Тоҷикистон, бо ҳайъате вориди Тоҷикистон шудаанд, сӯҳбат орост.
Шунавандаи азизи радиои “Паём” бо ҳамин тарзу равиш, ки қисмате аз барномаҳои иттилоотии хабарнигори варзидаро гӯшрасатон кардем, дар бахши навбатии “Чеҳраи ҳафта” тасмим гирифтем, ки бароятон як чеҳраи шинохтаи ҳаммилатамон Дориюш Раҷабиёнро муаррифӣ кунем. Барои бархе рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ва гиромидорони ҳарфи ростин бо бурҳони қотеъ, номи Дориюш Раҷабиён бегона нест. Ӯ ки бо қадамҳои устуворона ва нишонгириҳои аниқу возеҳ дар кушодани асрори хеле воқеот хабарнигори беҳамтост.
Ногуфта ҳам намонад, ки Дориюши Раҷабиён, хабарнигори шинохтаи тоҷик, ки айни замон дар бахши форсии Бӣ-бӣ-сӣ кор мекунад, сазовори ҷоизаи байнулмилалии «Қанди порсӣ» шуда буд. Ҷоизаро рӯзи 23-юми феврал дар ҳамоиши Конуни ҳамёрии порсизабонон дар Лондон супурданд.
Дориюш дар фазои маҷозӣ бештар талош меварзад, ки навиштораш бо ҳуруфи аҷдодиамон форсӣ бошад. Дар мавриди ин алифбо худи ӯ чунин мегӯяд: “Таъкиди мо бештар рӯйи ин аст, ки таблиғи хатти порсӣ ва забони порсӣ дар миёни қишрҳои поини ҷомеа сурат гирад. Ин таҳаввул аз зер ба боло бошад, на аз боло ба поин. Худи мардум ба сӯи забону хатти худ бираванд».
Дар бораи форсӣ номидани забони кунунии тоҷикистониён ҳам дар ин ақида аст, ки ӯ чизеро тағйир доданӣ нест, фақат он чи, ки буду ҳаст, ҳифз карданист. Аслан дар қарни пешин, аниқтараш соли 1929 тоҷикӣ номидани забони форсиро иқдомоти сиёсие медонад, ки сирфан барои кандани тоҷикон аз решаҳои худ ва аз фарҳанги бисёр ғанӣ ва ҷаҳоншумули худ будааст. Аз лиҳози илмӣ ҳар ҳаргиз касе наметавонад собит кунад, ки номи ин забон чизе ҷуз порсӣ аст.
Дар мавриди ақоиди динӣ бошад, новобаста аз он, ки мусалмон несту аъзои ягон аҳзоби исломӣ ҳам нахоҳад буд, аммо афкорашро возеҳ баён мекунад. Дориюш дар як баромади худ дар таърихи якуми сентябри соли 2015 гуфта буд: “Воқеъиятҳои кишварамро мешиносам ва медонам, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёр решадору муҳим аст. Сарфи назар аз тамоми ҷилваҳои ҳукуматӣ, ҲНИТ ҳаводорони бисёре дорад; чи мухолифонаш бипазиранду чи на, ҲНИТ як нерӯи ростин аст. Ҳар давлате, ки ин нерӯро нодида мегирад, кӯр аст. Ва чизе, ки мухолифони сари фармон мекунанд, кандани гӯр аст. Лутфан таваҷҷуҳ дошта бошед ва гӯри давлатро ба дасти худ наканед, дӯстдорони давлат.Мувофиқат бо баста шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон ъайни кандани гӯр барои давлати Раҳмон аст. Ин корро набояд кард, агар ъақли салиме боқист. Фардо дер хоҳад шуд. Бисёр дер. Ба ҳадде дер, ки мо дигар фурсати тармими харобкориҳои худро нахоҳем дошт. Нодида гирифтани ҲНИТ сирфан ба бохти нодидагиранда меанҷомад. ҲНИТ вуҷуд дошт ва вуҷуд дорад. Магар ин ки бихоҳанд ҳамаи аъзои онро ба сӯи гурӯҳҳои родиколи толибонию доъишӣ савқ бидиҳанд.
Агар ҲНИТ дар Тоҷикистон баста шавад, дари шайтанат боз хоҳад шуд.”
Дар мавриде дигар бобати босмачиён гуфта буд: “Ман ҳаводори ҳар он касе ҳастам, ки сарзаминашро аз зӯру таҷовузу иҷбор ба дур мехоҳад. Ба чунин афроде дар даҳаҳои 1920-40 “босмачӣ” мегуфтанд. Пас ман ҳам як “босмачӣ” ҳастам.”
Ана ҳамин тариқ Дориюш Раҷабиён ҷонибдори ҳақиқати ростин аст, ки бо далоили аниқу дақиқ афкори худро баён мекунад.
Соима Саидӣ