Рубрики Хабарҳо

Тими футзали Тоҷикистон ба Тайланд меравад

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки 2-8 феврал дар шаҳри Ҳат Йайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Дар баробари тими Тоҷикистон боз 5 дастаи мунтахаби дигар иштирокчии мусобиқа хоҳанд буд, ки дар ду гурӯҳи седастаӣ бозӣ хоҳанд кард. Аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаӣ ба нимфинал баромада, барои ҷойи аввал талош мекунанд. Ҳамчунин бозӣ барои мавқеи сеюм баргузор мешавад.

Баъд аз анҷоми мусобиқа тими футзали Тоҷикистон ба шаҳри Даммом сафар карда, бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12-уми феврал) ва Кувайт (13-уми феврал) ду бозии санҷишӣ доир менамояд.

Гуфта мешавад, ки 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 26-уми феврал то 8-уми марти 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷараён мегирад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад. Дар натиҷаи мусобиқа 5 дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва мегузарад, роҳхат мегиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *