Рубрики Хабарҳо

Тирамоҳ гирифторони коруно ранҷи бештар хоҳанд кашид?

Эҳтимол, дар тирамоҳ ҷараёни беморӣ дар одамоне, ки қаблан ба коронавирус сироят нашуда буданд, назар ба онҳое, ки дар баҳору тобистон бемор буданд, шадидтар хоҳад буд.

Академики Академияи Илмҳои Русия, Директори Пажӯҳишгоҳи Эпидемиология ва Микробиологияи Пастер, Саримунологи Санкт Петербург Арег Тотолян пешнгӯӣ кардааст, ки COVID-19 дар тирамоҳ нисбат ба баҳор мушкилтар хоҳад шуд, хабар медиҳад “Известия”.

Ба гуфтаи вай, тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна одамоне, ки ҳанӯз бемор нашудаанд, дар тирамоҳ сирояти коронавирусро аз сар мегузаронанд. Шояд бемории онҳо назар ба онҳое, ки дар баҳор ва тобистон сироят ёфтаанд, шадидтар хоҳад буд.

«Ман метарсам, ки дар тирамоҳ нисбат ба баҳор ба раванди шадидтари COVID-19 дучор шавем ва мо бояд ба он аз ҷиҳати психологӣ омода бошем”,- гуфт Тотолян.

Ба гуфтаи коршинос, инчунин маълум нест, ки омезиши тирамоҳи SARS-CoV-2, ки онро бисёр коршиносон пешгӯӣ кардаанд, чӣ гуна хоҳад буд.

Сардори Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дод, ки дар ин мавсими эпидемиологӣ гардиши навъҳои ганогуни зуком пешбинӣ мешавад, ки дар муқоиса бо солҳои пешин бештар мушоҳида мешавад. Русиягиҳо ҳанӯз бар зидди онҳо эм карда нашудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *