Categories Хабарҳо

“Гашти иршод” дар Эрон барҳам хӯрд

Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон эълом кард: “Гашт иршод” (пулиси ахлоқ) рабте ба қувваи қазоия (ҳукумати қонунбарор) надорад ва аз ҳамон ҷое, ки дар гузашта таъсис шуд аз ҳамон ҷо низ таътил гардид. 

Ба гузориш дафтари матбуотии додситонии кулли Эрон, вай дар идома афзуд: албатта қувваи қазоия назоратҳои худро бар фаъолияҳои ахлоқии ҷомеа идома медиҳад. 

Мунтазирӣ ҳамчунин изҳор дошт: ин қавлро ба умуми мардум хоҳам дод, ки нисбат ба бархӯрд бо сабабгорони аслии бетартибиҳои ахир кӯтоҳ нахоҳем омад вале бо таваҷҷӯҳ ба шароити хосси кишвар ниёзманди иқдомот хирадмандона аз сӯи қувваи қазоия ҳастем. 

Гуфтанист эътирозот дар Эрон пас аз ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ духтари ҷавоне таҳти боздошти “Гашти иршод”-и Теҳрон дар таърих 16 сентябр 2022 оғоз шуд ва то ҳол дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар идома дорад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *