Рубрики Хабарҳо

Боздошти Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ

Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни шинохтаи даҳаи навади асри гузашта ахиран дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Манобеи «Паём.нет» дар истинод ба наздикони Эшони Сайидқиёмиддини Ғозӣ иттилоъ доданд, ки ӯ шаби гузашта аз шаҳри Истанбули Туркия ба самти Санкт-Петербурги Русия парвоз кард, вале дар фурӯдгоҳ аз ҷониби нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти қудратии Русия боздошт шуда, ҳамон шаб тариқи парвози Санкт-Петербург-Хуҷанд ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Наздикони Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ мегӯянд, ки то сабаби боздошт ва истирдоди фаврии ба Душанберо намедонанд ва мақомоти Тоҷикистон низ дар ин бора ба онҳо иттилое надодаанд, аммо онҳоро мутмаин сохтаанд, ки Эшони Саёқиёмиддин айни замон  дар ҳабси пешакӣ дар бинои яке аз мақомоти қудратии кишвар дар Душанбе қарор дорад.

Бо ин вуҷуд, ҳанӯз маълум нест, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии Русия бо чӣ далеле ӯро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ то кунун дар ин бора ба расонаҳо ҳеч иттилоъе надодаанд.

Ин бори аввал нест, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти қудратии Тоҷикистон фаъолони сиёсӣ ва мазҳабии тоҷикро боздошт мекунанд ва ё онҳоро мерабоянд ва ба Душанбе интиқол медиҳанд. Барои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, Мақсуд Иброҳимо, фаъоли сиёсӣ ва вакили мудофеъ (адвокат) Солеҳҷон Ҷӯраев, ки дар парвандаи маъруф ба исфарагиҳо шуҳраташ бештар шуд, аз Русия ғайриқонунӣ боздошт ва ба Душанбе дуздида оварда шуданд.

Дар сурати дастрас гардидани маълумоти ҷадид онро пешкаши хонандагон хоҳем кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *