Рубрики Хабарҳо

Боздошти 6 паноҳҷӯи суриягӣ дар Олмон

Мақомоти додситонӣ ва амниятии Олмон 6 паноҳҷӯи суриягиро дар ин кишвар бо иттиҳоми як ҳамлаи нофарҷом боздошт кардаанд.

Хабаргузории «DW»-и Олмон дар истинод бо мақомоти додситонии иёлати Франкфурт хабар додааст, ки маъмурони амниятӣ ва горди вежаи полис 6 паноҳҷӯи суриягиро, ки дар манотиқи мухталифи ин кишвар зиндагӣ мекарданд, бо иттиҳоми қасди як ҳамлаи террористӣ дастгир карданд.

Мақомоти додситонӣ ҷузъиёти ин хабарро шарҳ надода, вале гуфтаанд, ки эҳтимол дорад ин шаш нафар бо гурӯҳи мавсум ба ДОИШ иртибот доранд. Онҳо қасд доштанд бо «бо аслиҳа ё маводи тарканда» ба як макони умумӣ ҳамла кунанд. Синну соли ин боздоштшудагон аз 20 то 28-сол арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои ин расона, хабари ин ҳамлаи нофарҷомро чанд тан аз паноҳҷӯёне, ки бо онҳо иртибот доштанд ба нерӯҳои амниятӣ расонидаанд ва полиси Олмон ҳам эълом кардааст, ки ҳанӯз тафтишот дар ин маврид идома дорад.

Полиси Олмон дар ҳоли ҳозир алайҳи даҳҳо паноҳҷӯи дигаре, ки аз кишварҳои Ховари Миёна омаданду ба ҳамдастӣ бо ДОИШ муттаҳам мешаванд, низ парванда кушодааст ва таҳқиқот идома дорад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *