Дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зани 130-сола Ҳувайдо Умарова расман ҳамчун куҳансолтарин сокини кишвар шинохта шуд. Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ӯзбекистон, сана ва соли таваллуди ӯ 1-уми январи соли 1895 аз тарафи Суди ноҳияи Қӯқанд расман тасдиқ гардид.
Ин иқдом дар доираи аксияи “Ягон шахс бе ҳуҷҷат намемонад!” сурат гирифт, ки ҳадаф аз он расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои шахсияти ҳамаи шаҳрвандони бидуни санад мебошад. Дар натиҷа Ҳувайдо Умарова, ки беш аз як аср бе ҳуҷҷати расмии шахсӣ зиндагӣ мекард, аввалин маротиба соҳиби санади шахсият гардид.
Бо сабти расмии санаи таваллуди ӯ, Ҳувайдо Умарова метавонад расман ба сифати куҳансолтарин шахси зинда дар ҷаҳон шинохта шавад. Мақомот изҳор доштаанд, ки маълумоти марбут ба синну соли ин зани куҳансол ба Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Канабарру Лукаси, зани 116-сола аз Бразилия ҳамчун куҳансолтарин зани сайёра шинохта мешуд, вале ӯ соли равон даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube