Рубрики Pressa

Манзили собиқ Президенти Қирғизистон ба боғча ва хонаи пиронсолон табдил меёбад


Мақомот расман кӯчонидани оилаи собиқ Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоевро аз хонаи воқеъ дар деҳаи Кой-Таш оғоз намуданд.

Дар бораи ҷараёни кӯчонидан духтари Атамбоев – Алия Шагиева тавассути нашри як навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Қаблан Агентии давлатии идоракунии амволи Қирғизистон иттилоъ дода буд, ки замини мазкур бо қарори суд ба моликияти давлатӣ баргардонида шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ҷои хонаи оилаи Атамбоев сохтмони боғчаи кӯдакон ва хонаи пиронсолон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мавзӯи хонаи Кой-Таш дар гузашта чандин бор ба мавзӯи баҳсу баррасии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ табдил ёфта буд. Баргардонидани он ба ихтиёри давлат як бахши сиёсати дубора тақсим кардани амволи давлатии ба таври ғайриқонунӣ хусусигардида арзёбӣ мешавад.

📹Навор дар телеграмканали Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *