Маркази савдои оилаи Зайд Саидов, зиндонии сиёсиро, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шуда дар маҳбас ба сар мебарад, ҳукумати Тоҷикистон мусодира кард.
Дар ин Маркази савдо, ки дар дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, оилаи иборат аз 30 нафараи Зайд Саидов онро ба иҷора дода, бо маблағи он зиндагӣ мекарданд.
Дар ин бора Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов дар саҳифаи хабар дод.
Ба гуфтаи Хайрулло Саидов, “ғасби бинои №3 дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ ҳанӯз аввали моҳи январи соли 2020 сурат гирифта, лекин тасмим гирифтааст, ки дар ин хусус имрӯз, 19 май дар солгарди рӯзи ҳабси падараш хабар медиҳад”.
Бино, ба қавли Хайрулло, бино ба номи Зайд Саидов сабт шуда, пас аз ҳабсӣ ӯ ба ширкате иҷора дода шуда буд, ки ҳамаи уҳдадориҳояшро иҷро мекард ва саривақт андозҳоро пардохт мекард.
Ба далели хилофи қонун, аз ҷумла қонун “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” будани амали хадамоти иҷрочиёни судӣ, Саидов аз болои он ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят мекунад.
Гуфта мешавад, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоятро аввали моҳи апрел баррасӣ ва қарори иҷрочиёни Хадамоти иҷроро дар бораи ҳабси бино бекор мекунад, аммо маълум мешавад, ки ин амвол аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар қатори амволи дигари маҳкумшуда Зайд Саидов, ки гӯё бо роҳи ҷиноят ба даст оварда бошад, мусодира гаштааст.
Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Порис боздошт шуд. Ин амал баъди аз Корхонаҳое, ки пурра ё қисман ба ӯ тааллуқ доштанд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мусодира карда шуданд.
Охири моҳи декабри ҳамон сол ӯ ба ҷурми сохтаву бофтаи мақомоти Тоҷикистон ба қаллобӣ, порагирӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
Моҳи августи соли 2015 муҳлати ҷазои ӯро то 29 сол дароз карданд. Ҳамчунин суд ӯро ба пардохти 34 млн сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.
Рӯзи 20 ноябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ шикояти таҷдиди назари тоҷир Зайд Саидовро баррасӣ нмуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт.
Сообщение ПАЁМ.net.