Пойгоҳи “Ислоҳ” номаи муҳандиси заминсози ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи Конибодом Т. Солиевро нашр кардааст, ки парда аз рӯи даҳҳо ҷиноят, шурӯъ аз худи ин ҷамоъат то раиси вилояти Суғд мебардорад.
Ин мутахассис аз ришвахории мақомоти ноҳия, шурӯъ аз раиси он Абдусалом Тухтасунзода то додситону мақомоти маҳаллӣ дар ҷамоатҳо ба дод омада, бо вуҷуди ин ки бо гумони ғолиб боздошт ва муттаҳам ба тӯҳматпароканӣ хоҳад шуд, аз ҷиноятҳои зиёди онҳо қисса кардааст.
Маълумотҳои дақиқ ва муфассале, ки дар нома дарҷ шудааст, имкони дурӯғ ва сохта будани онро бисёр кам мекунад. Ҳамчунин пойгоҳи “Бомдод” низ дирӯз номае ба ин монандро аз ноҳияи Рашт нашр карда, ки тасдиқи комили гуфтаҳои Солиев мебошад. Аз тарафи дигар, баъид аст, ки як нафар бо донистани ин ки ҳатман баъди нашри номааш боздошт хоҳад шуд, чунин иқдоме бикунад.
Мақомоти Тоҷикистон худи ҳамкорӣ бо сомонаи “Ислоҳ” ва дигар пойгоҳҳои хабарии мухолиф, аз ҷумла “Паём”-ро ҷурм медонанд. Ва танҳо бо ҳамин иттиҳом метавонанд Солиевро боздошт кунанд. Бар замми ин ин мутахассиси заминсоз парда аз рӯи ҷиноятҳои чанди мақомдор бардоштааст, ки он мақомдорон бо сӯистифода аз мансабҳояшон ҳатман худи Солиевро гунаҳкор хоҳанд баровард.
Дар ин лаҳза, ки мактуби ӯро мо бознашр мекунем, бо гумони ғолиб Солиев аллакай дар боздоштгоҳ ва таҳти фишор қарор дорад, то ҳадди ақал муаллифи ин нома буданашро инкор кунад.
Таҷриба нишон додааст, ки ҳеҷ кадом аз ин ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд, аамо ин ҷасорати як мутахассис намунаи як қаҳрамонӣ аст, ки бояд дастгирӣ ва ситоиш шавад. Танҳо баданд шудани чунин садоҳои пурҷасорат метавонад ба тағйири вазъ дар кишвар кӯмак кнуад. Маҳз бо ҳамин сабаб “Паём” ҳам тасмим гирифт номаи ӯро бознашр намояд.
Ин ҳам он нома:
Ба истиқболи 32 -солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом қарор аст паради ҳарбӣ баргузор кунад. Дар робита ба баргузор намудани ин паради ҳарбӣ ҳамаи раисони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳоро уҳдадор намудааст, ки 250 нафарӣ сокинонро сафарбар намоянд. Аз 18 то 55 сола мардонро барои паради ҳарбӣ мо бояд ҷалб намоем. Ман як заминсоз -муҳандиси ҷамоати деҳоти Патар мебошам. Ман ба наздикӣ ба нафақа мебароям, лекин маро ҳам роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр Қудратуллозода С. маҷбур карда истодааст, ки дар ин ба паради ҳарбӣ ширкат варзам. Ман аз ин корҳои инҳо ба ғазаб омада аризаи шикоятӣ ба “Ислоҳ” навиштам. Шумо додари азиз Муҳаммадиқбол одами ҳақиқатгўй мебошед. Ман агар ба ягон мақомот муроҷиат кунам, раиси шаҳр А.Тухтасунзода маро тюрма мекунонад. Лекин ман аз ин корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр ба шумо навиштам, то ки ҳама чи хел одам будани раиси шаҳрро донанд. Ман дар вазифаи сармутахассис, муҳандиси заминсоз кор ва фаъолият мекунам.
Раиси шаҳри Конибодом ба мардум участкаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо менамоям гуфта маро уҳдадор намуда буд, ки 5000 долларӣ аз ҳар кадоме маблағ ҷамъ намоям. Ман аз 48 нафар 240 ҳазор доллар ҷамъ намуда бурда ба раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода дода будам. Вале раиси шаҳр пулро гирифта қарорро баъди1сол баровард. Аммо ин қарори раиси шаҳр мавриди иҷро қарор нагирифт. Чунки аз болои ин қарори раиси шаҳр Прокуратураи шаҳри Конибодом эътироз оварда, онро бекор намуд. Чунки он ғайриқонунӣ содир шуда буд. Азбаски ман ин 240.000 доллар ҷамъ оварда будам чанд бор ба қабули раиси шаҳр А.Тухтасунзода рафтам ва гуфтам, ки одамони пул дода участкаҳои худро интизоранд. Онҳо ба хонаи ман чанд бор омада, агар участка нашавад, пули маро баргардон гуфта, маро азият карданд.
Ман ба Раиси шаҳр шароитро фаҳмонидам, лек дар ҷавоб ў ба ман гуфт қудои ман муовини прокурори шаҳри Конибодом шуда омад. (Баъдтар фаҳмам, ки ин Ҷуразода Собир, вақте дар Прокуратураи шаҳри Конибодом кор мекард, одамонро расо ғам дода будааст.
Раиси шаҳр мегуфт, ки оянда ин Ҷўразода Собир прокурори шаҳри Конибодом мешудааст. Чунки прокурори вилоят Хоҷазода Ф. ба раиси шаҳр ваъда додааст, ки ба Ҷуразода Собир барои прокурори шаҳри Конибодом таъин шуданаш ёрдам мекардаст. Бино бар гуфтаи раиси шаҳр прокурори вилоят бо Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, бо Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон шиноси наздик будааст. Онҳо ўро ба вазифаи прокурори вилоят таъин карда будаанд, ба ивази 200 ҳазор доллар. Прокурори вилоят Хоҷазода Ф. ба А.Тухтасунзода, раиси шаҳр гуфтааст, ки пулро ҷамъ кунетон: «ман рафта аз Прокурори генералӣ вазифаи прокурори шаҳри Конибодомро барои қудои ту бар ивази 70 ҳазор доллар харида меоям. Қудои ту прокурор шавад ягон нафар нисбати ту гап зада наметавонад».
Сари моҳи август тақрибан соатҳои 20:00 раиси шаҳр маро ба утоқи кориаш даъват намуд, барои суҳбат. Ман ба қабули раиси шаҳр А.Тухтасунзода рафтам, даромадам, ки дар онҷо муовини пешинаи раиси кумитаи замин Шавкат Раҳимов ҳам нишаста буд. Шавкат Раҳимов ҳозир сардори шуъбаи кадрҳои раиси шаҳр мебошад. Раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба ман гуфт, ки дар Қазоқистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон баргузор мегардад, барои ин ба мо пул лозим аст: «Участкаҳои тайёр ҳаст. 10ҳазор долларӣ, 8 сотихӣ, одам ёбед 20-то участка ҳаст, ба ман пул лозим аст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ман супориш дод, ки ба ҷои маҳсулоти кишоварзӣ 300ҳазор доллар бурда бидиҳам».
Ман гуфтам аввал он одамоне, ки 5 ҳазор долларӣ пул барои участка доданд, онро ҳал кунед, сонӣ ман одам меёбам барои ин участкаҳо. Лек раиси шаҳр дар онҷо маро ҳақорат намуда гуфт, ки ин супориши Президент мебошад, мо онро иҷро карданамон даркор аст: «ман ба ту гуфсодиям, ки одам биёв барои участкаҳо, ман сонӣ дигар корҳоро ҳал карда медиҳам».
Хуб гуфтаму аз кабинеташ баромадам ва ба ба ин натиҷа ва хулоса расидам, ки ин ҳамаро ба “Ислоҳ” нависам, аз кору кирдори ғайриқонунии раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба ҳама бигӯям. Чунки дигар ба ҳеҷ расона онқадар боварӣ ва эътимод надорам мисли “Ислоҳ” Худо кунад шумо ҳам ин номаи маро нашр кунед.
Дар ҳукумати шаҳр фисқу фасод дар авҷ аст. Аз тарафи мақомоти қудратӣ чанд нафари онҳоро дастгир карданд, барои гирифтани пора, мисол Турдиев Зафар, собиқ мудири амволи ҳукумат. Лек ӯ ҳам дар суд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. Кормандони ҳукумати шаҳри Конибодом, кадрҳои болаёқат аз кор рафтанд. Ҳукумати шаҳр айни ҳол ранги дўзах гирифтааст. Раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба ҳама тобеони худ супориш додаст, ки барои ярмарка, ки дар Қазоқистон мегузарад, пул ёфта биёянд, одам биёванд барои участкаҳо ва боғҳо. Раиси шаҳрро А.Тухтасунзодаро ҷияни Президент, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон «кришават» мекардааст. Ба гуфти одамони наздики раиси шаҳр вай оянда Раиси вилоят мешудааст ба ҷои Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳозир вай дар ҳукумати шаҳр дузду ҳаромхурҳоро ҷамъ кардааст. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода С. (падараш Пиров Мирзосафар, сардори милиса дар Конибодом буд, ҳозир понижени рафтагӣ) посредникӣ карда аз одамоне, ки замин мегиранд, барои қарори раиси шаҳр10 ҳазор сомонӣ мегирад.
Ҷияни раиси шаҳр Сотимов Масрур, барои регистратсияи қарор гуфта 2 ҳазор сомонӣ мегирад. Як собиқ прокурорро ба худаш дар вазифаи мушовир ба кор гирифтааст. Ин одам байни мақомотҳо посредникӣ мекунад. Доляҳояро бурда медиҳад.
Сардори шуъбаи кадрҳо Раҳимов Шавкат пештар дар вазифаи муовини раиси кумитаи замини шаҳри Конибодом кор мекард. Он вақт ҳамин Абдусалом Тухтасунзода, раиси кумитаи замини шаҳри Конибодом буд, яъне Раҳимов Шавкат муовинаш буд. Ягон кас намедонад, ки чи гуна Тухтасунзода раиси шаҳр шуд. Одамҳо бовар намекарданд, ки чи гуна аз як шуъба якбораи раиси як шаҳри калон мешавад. Аммо ин Раҳимов Шавкат чанд бор аз тарафи мақомоти қудратӣ барои гирифтани пора дастгир шуда буд, лекин бо ёрии раиси шаҳр А.Тухтасунзода аз ҷазои ҷиноятӣ озод мешуд. Ин Раҳимов Шавкат дар ҷамоати Патар 3 гектар замини наздиҳавлигӣ ва 40 гектар замини корам дорад. Ба гуфти одамон Раҳимов Ш. ва раиси шаҳр А.Тухтасунзода ба номи хешу таборашон қариб 300 гектар заминро ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Раиси шаҳр А.Тухтасунзода чанд объектҳоро ба номи хешу табораш ҳуҷҷатгузорӣ карда мондааст.
Тухтасунзода Абдусалом 21.10.1975 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1998 Донишгохи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси агроном- хокшинос хатм намудааст. Вай бар асоси фармони №59 рузи 11 ноябри соли 2020 ба вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин шудааст. Тухтасунзода Абдусалом то расидан ба ин мақом фақат дар умури заминсозӣ кор кардааст.
Аз дасти ин раиси шаҳр ягон ҷои обод намонд, ҳама ҷойҳоро фурухт ё аз они худ намуд. Мардуми бечора чи кор кунад аз дасти ин раиси шаҳр? Ба сокинони муҳтоҷ участка намедиҳад, пулро гирад даррав қарор бароварда медиҳад. Як писараш гуё дар хизмати ҳарбӣ мегўянд, лекин ҳар руз пиён мошинсаворӣ карда дар шаҳр мегардад.
Прокуратура, амният ва милисиҳо аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр А.Тухтасунзода бохабар мебошанд, лекин ягон чора намебинанд. Аммо агар ягон бечора нохоста ягон коре кард, ўро ҳабс мекунад.
Раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода порахўри калон мебошад. Ягон кори мардумро бепул иҷро намекунад. Ин чи аҳвол аст?
Ман кори заминсозиро бас мекунам. Ман аз пушти ин раиси шаҳр аз мардум дашном мешунавам. Аз одамон пулро гирифт, корро буд карда диҳад. Агар аз корҳои ғайриқонунии раиси шаҳр бинависам як китоб мешавад.
Солиев Т.