Додситонии кулли Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси «Ориёнбонк» хабар дод. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кулл, ки имрӯз 15 август нишасти матбуотӣ дошт, ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев ду рӯз қабл дар ҳудуди шаҳри Панҷакент пайдо шуд.
Додситонӣ дар бораи чигунагии пайдо шудани ҷасад маълумоте надод, аммо манобеъи “Паём” гуфтанд ҷасадро моҳигирон пайдо кардаанд ва он то ҷое вайрон шуда буд, ки ҳатто ташхиси мард ё зан буданаш имкон надошт. Юсуф Раҳмон ҳам гуфт ба Шӯҳрат Исматуллоев марбут будани ҷасад тавассути ташхиси дандон маълум шудааст.
Шуҳрат Исматуллоев соати 8-и шоми 23-уми июн дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан гуфта буд, гумонбарон Исматуллоевро шиканҷа карда ба қатл расондаанд ва баъдан ҷасадашро ба дарё партофтанд.
Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии рӯзи 15-уми август гуфт, дар ин ҳодиса 16 нафар даст доранд ва 13 нафар боздошт шуда, 3 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Охири ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ҷинояти марбут ба рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси «Ориёнбонк», ду корманди собиқи ВКД ширкати фаъолона доштаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастони собиқаш, ки дар рабудани Исматуллоев даст доштанд, ном набурд. «То соли 2013 ҳангоми мунтазам қонуншиканӣ аз тарафи онҳо мо онҳоро аз мақомот озод карда будем,»-гуфт Рамазон Раҳимзода.
Қаблан мақомоти Молдова гуфта буданд, Рустам Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёев ду маъмурро кушт, собиқ корманди милиса будааст.
Инчунин манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфтанд, Дилшод Саидмуродов, муллақаб ба «Дилшоди СБ» ҳам корманди пешини Вазорати корҳои дохилӣ буд.