Рубрики Хабарҳо

Отамбоев боз ба СИЗО интиқол ёфт

Баъди мурофиаи судӣ Алмосбек Отамбоевро дубора ба СИЗО интиқол доданд.

Вакилони мудофеи Отамбоев бар ин бовар буданд, ки собиқ кишвардорро ба ҳабси хонагӣ мефиристанд, вале ӯро дубора ба СИЗО интиқол ёфт.

Додгоҳи ноҳияи Первомайскийи Бишкек қарорашро дар мавриди ҳабси Алмосбек Отамбоев собиқ президенти Қирғизистон бетағйир гузошт ва ӯро равонаи СИЗО кард.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон аз қавли Замир Жоошев вакили Отамбоев хабар дод.

Ба гуфтаи  ӯ, рӯзи 7 декабр додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки Отамбоев аз колонияи рақами 47, ки дар онҷо муолиҷа мегирифт, ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ интиқол дода шавад.

Ҳоло вакилони ӯ қасд доранд, аз болои ин қарор шикоят баранд.

Жоошев гуфт, «Алмосбек Отамбоев аз 30 ноябр то 7 декабр ғайриқонунӣ боздошт шуд, зеро Додгоҳи олӣ чораи пешгирӣ муайян накард. Ҳоло додгоҳ тасмим гирифт, ки ӯро дар ҳабс нигоҳ дорад, гарчанде  айбдоркунанда инро дархост накардааст».

Вакили мудофеи Отамбоев мегӯяд, вазъи саломатии сиёсатмадор бадтар мешавад. Зеро табибони колония низ пас аз ташхис намудани ӯ изҳор доштанд, ки собиқ кишвардор ба чурраи сутунмӯҳра, бронхити музмин, ки метавонад илтиҳоби шушро барангезад, гирифтор аст.

Қаблан Додгоҳи шаҳри Бишкек  Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ моҳи августи соли гузашта пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир карда шуд.

Дар паи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод карданд, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *