Categories Хабарҳо

Муаммои дигари «Барқи тоҷик»: 103-85-12=-5

Содироти неруи барқ аз Тоҷикистон камтар ва тавлиди он бештар шудааст, аммо мардум дар тобистон аз бебарқӣ азият мекашанд.

Муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Абдулло Қурбонзода имрӯз, 11 август дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт дар 6 моҳи соли ҷорӣ содироти барқ ба хориҷ аз кишвар 971,2 млн кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта камтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти “Барқи тоҷик” иддао мекунанд истеҳсоли барқ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10 млрд 653,3 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 341,2 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад ва суръати афзоиши он 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли барқ ва камтар шудани содироти он, сокинон аз қатъи пайдарпайи барқ дар ҳама манотиқи кишвар шикоят мекунанд. Бар замми ин ду нишондиҳанда, бо кӯчиши ҳазорҳо хонавода дар соли гузашта ба Русия, шумори истифодабарандагони неруи барқ низ камтар шудааст.

Аммо мақомот ин парадоксро шарҳ намедиҳанд, ки чаро қаблан 100(истеҳсол) — 88(масрафи дохилӣ) — 12(содирот) = 0 мешуд, аммо имсол 103 — 85 — 10 = -5(норасоӣ) шудааст.

Ба гуфтаи Қурбонзода дар ҳамаи неруҳои барқи обии шомили ширкати “Барқи тоҷик” 7 млрд 868,6 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Иловатан дар НБО “Сангтӯда-1” 1 млрд 385,5 млн кВт/соат, НБО “Роғун” — 963,7 млн кВт/соат ва НБО “Сангтӯда-2” — 435,5 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст.

Соли ҷорӣ ба Афғонистон дар ҳаҷми 682 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон — 289 млн кВт/соат неруи барқ фурӯхта шуд.

Қурбонзода инчунин эълон кард ширкати афғонистонии “Брешно” (Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)) қарзҳояш назди “Барқи тоҷик”-ро пурра пардохт кардааст. Гуфтанист, соли гузашта Афғонистон барои истифодаи барқ аз Тоҷикистон 28 млн доллар қарздор буд.

Ба гуфтаи мақомот тӯл кашидани замони пардохти қарз ба мушкилоти интиқоли пул аз суратҳисобҳои ширкат дар Афғонистон вобаста буд.

Ба гуфтаи мақомот жар мавсими баҳору тобистон барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 9-9,5 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон — 6-6,5 млн кВт/соат ва дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд — шабонарӯзӣ 30-40 мегаватт-соат интиқол дода мешавад.

Ба ин тариқ, ҳатто дар сурати камбуди барқ дар дохили ҷумҳурӣ, Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя идома медиҳад. “Ин барои аз даст надодани бозор ва корношоям нагардидани таҷҳизот анҷом дода мешавад”, — шарҳ доданд дар ширкати “Барқи тоҷик”.

Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисод ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҳаҷми 2 млрд 762,2 млн кВт/соат неруи барқ харида шудааст, ки 131 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *