Шиори сарҳангҳои ҳизб: «Номард бошу зинда бош!»
Чанде пеш яке аз сипаҳсолорони ҳизби ҳоким аз ҷаҳонишавӣ шикоят карда зарурати доштани Сипари Маънавиро орзу карда буд. Воқеан, имрӯз Тоҷикро на танҳо сипар балки силоҳи маънавӣ зарур аст то дар дунёи имрӯз фикру ҳарф ва мавқеи худро дошта бошад. Мутассифона орзуи сипаҳсолор амали нашаванда аст, зеро сарҳангҳои ҳизб дар ин муҳориба зери шиори “номард бошу зинда бош” барвақт шикаста шуда ба ғорати мардуми худ машғуланд. …
Ҳанна Арендт дар китоби “Шароити инсонӣ” (HumanCondition) барои баланд бурдани сифати ҳаёти инсон дар бораи зарурати будани ду ҳаёт, ҳаёти амалӣ (vita activa) ва ҳаёти фикрӣ (vita contemplativа) ҳарф мезанад, ки Тусӣ ҳам аз он ҳамчун ҳикмати назарӣ ва амалӣ ёд карда аст. Онҳое, ки дар асри бистум дар шинохти идеология ва сиёсат саҳме доранд мисли Маннҳейм, намояндагони мактаби Фронкфурт, Алтуссер, Грамшӣ ва дигарон дар ҳамин фикранд. Бояд гуфт, ки китоби Арендт барои онҳое, ки воқеан ба сиёсати созанда сару кор доранд яке аз китобҳои калидист.
Дар қаринаи (контексти)Тоҷикистон ҳар ду, идеология ва сиёсати равшани ба он такя кунанда ҳанӯз вуҷуд надоранд.
Бо ин системаи фасод, ҳукумронии маризиҳои таърихӣ, гурези мардум аз воқеияти сахти Тоҷикистон, афзудани сафи муҳоҷирони иҷборӣ, ноумедии мардум, набудани бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудӣ, ҳоло хело барвақт аст дар бораи “идеологияи фарогири сиёсӣ”, “сипари маънавӣ”, “ватандорӣ” ва “мактаби давлатдории соҳиби андешаи худӣ” ҳарф задан. …
Бояд, сатҳи фасод, дуздӣ, дуруғ ва тарсро поён ва пурра аз байн бурд.
Меҳмоншоҳ Шарифов
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф