Аз ғайб задани Кенҷаев дар сессияи 16-ум то қатлаш
30- юми ноябри соли 1992 бинобар ғайбати ду рӯзаи Эмомалӣ Раҳмонов(сабабҳои ғайбаташ то ҳанӯз маълум нест), ҷаласаи Иҷлосияи 16 — умро ҷонишини ӯ Қозидавлат Қоимдодов идома дод. Он рӯз ҳам баҳс сари сохтори ҳукумат, аъмоли Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи амният ва васоити ахбори умум буд. Якуми декабр масъалаи даъвати нерӯҳои сулҳпарвар мавриди муҳокима қарор гирифта, ғайб задани Сафаралӣ Кенҷаевро ҳам баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, то имрӯз дар робита ба адами Сафаралӣ Кенҷаев дар марҳалаи муҳими иҷлос афкори гуногуне ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, ба қавли Абдулмаҷид Достиев, вақте дар сессия Сафаралӣ Кенҷаевро ҷиҳати мармуз ғайб заданаш пурсиданд, ӯ гуфтааст, ҳамчун ҳуқуқшинос ба таҳқиқе масруф аст ва то кушода нашудани гиреҳҳои сарбастаи он, ҳуқуқи ифшо кардани масъаларо надорад. Вале ба навиштаи Умед Бобохонов, вақте Сафаралӣ Кенҷаев пайдо мешавад, мавриди суол қарор мегирад, ки тӯли рӯзҳои аввали сессия дар куҷо будааст. Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд аз ҷониби ашхосе рабуда шуда, маҳкум ба ҳабси хонагӣ будааст, то бо истифода аз адами ӯ масоили калидии иҷлос ҳалли худро ёбанд. Ин нуктаро Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ тайи як сӯҳбат таъкид кард, зеро ба гуфтаи ӯ, вуҷуди Сафаралӣ Кенҷаев дар иҷлосияи 16 ба рафти кор халал мерасонд. Баъдан, афкори мантиқиеро низ матраҳ намудан иштибоҳ нест. Масалан, маҳз барканории Сафаралӣ Кенҷаев аз раъси Шӯрои Олӣ мавсуфро ба сангаргирии ошкору оштинопазир тела дод ва ӯ яке аз муддаъиёни расидан ба курсии раёсати парлумон буд. Дар чунин ҳол, вай метавонист дар иҷлосе ки тақдири раиси он ва президенти кишвар ҳал мешавад, ба таҳқиқ машғул бошад? Албатта, не! Вале ба қавли доираҳои огоҳ, Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷониби Хадамоти амниятии Ӯзбекистон боздошт шуда буд, то ба пиёда шудани тарҳи Русияву Ӯзбекистон халал нарасонад.
Аз афкори Давлат Усмон бармеояд, ки дар солҳои 1992 – 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири Тоҷикистон мавриди бозии Ӯзбекистон қарор гирифтааст. Ҳол он ки қаблан А. Абдуллоҷонов дар симои Ӯзбекистон пуштибони худро медид. Эҳтимол Сафаралӣ Кенҷаев низ, ки аз кӯмаки бевоситаи Ӯзбекистон бархӯрдор буд, баъди тафоҳуми Русия ва Ӯзбекистон мавриди бозӣ қарор гирифта бошад. Ӯзбакистону Русия бо ба бозӣ даровардани мӯҳраҳои худ ҳукуматро ба шахси дигар ба таври муваққат доданд, яъне ҳукумат бояд баъди давраи муайяне иваз мешуд, аммо баъдан, ҷараёни кор тавре сурат гирифт, ки ҳукумати муваққатӣ ба ҳукумати «билоиваз» мубаддал шуд.
Дар идомаи кори иҷлос, 2-юми декабри соли 1992 баррасии сохтори Шӯрои вузаро ҳалли худро ёфт. Ҳамчунин Маҳмадназар Солиҳов ба симмати додситони кул таъйин ва Абдулмаҷид Достиев ҷонишини раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, иҷлоси 16, даъвати дувоздаҳум ба кори худ хотима бахшид.
Баъд аз иҷлосияи 16- уми ноябр мисли инки барои Сафралӣ Кенҷаев дар марказ ҷои корӣ пайдо нашуд ва ё накарданд. Зеро вай ба унвони қонундон метавонист ба ҳукумати нав халал расонад. Ӯ аз соли 1993 то 1995 додситони шаҳри Қайорқум буд. Сипас аз соли 1995 то 1999 дар вазифаи Раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият кард. Ҳамзамон вай соли 1996 яке аз муассисони Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд ва соли 1997 раисии ин ҳазбро ба дӯш гирифт.
Қабл аз террор шуданаш дар остонаи интихоботи президентӣ дар соли 1999, Кенҷаев тибқи барномаи ҳизбаш бояд дар интихоботи президентӣ рақиби Эмомалӣ Раҳмон мебуд. Вай як ҳафта пеш аз кушта шуданаш ба мақомот иттилоъ дода буд, ки ӯро афроди машкук таъқиб мекунанд. Вале ҳамин адами таваҷҷӯҳи мақомот ба шикоятҳои Кенҷаев ва интихоботи қарибулвуқӯъ ва рақиби эҳтимолии Раҳмон буданаш, ҳанӯз муаммоҳои ин террорро нокушода мондааст.
Вале коршиносон бар ин боваранд, ки чуноне соли 1992 ворид шудани Кенҷаев ба сиёсат иштибоҳ буд, ин дафъа ҳам саъю талоши ӯ барои дубора ворид шудан ба сиёсат ва рақиби эҳтимолии сарсахти Раҳмон шуданаш, иштибоҳи дигаре буд, ки сари ӯро хӯрд.