Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда намешаванд.
Тавре «Парламентская газета» , лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.
Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ чунин гузашт карда мешавад.
Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш — шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.
Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳо бекор нашавад.