Рубрики Хабарҳо

Пирӯзии дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон бар уммониҳо

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаиТоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи«С»дар бозии дуюмаш рӯзи 5 март дар Тошканд тими Умонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 79-ум капитан ё сарвони даста Ҳамадонӣ Камолов ба самар расонид.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» мунтахаби ҷавонони Урдун, ки дар даври аввал дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд, аз мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд.

Дар ин гурӯҳ баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо шаш имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Урдун ва Тоҷикистон, ки сеимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Мунтахаби Умон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи сешанбеи 8-уми март мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ ва тими Урдун бо мунтахаби Умон рақобат мекунанд. Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ пайдо мекунад.

Бояд гуфт, чаҳор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 20-сола, ки имсол дар Индонезия доир мегардад, роҳхат мегирад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бори панҷум дар қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад. Қаблан ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқот солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 иштирок карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон роҳ ёфтан ба чорякфинали ду мусобиқоти охир дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *