Чаҳорумин нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба дуюмин рӯзи кории худ дар Душанбе поён бахшид.
Ин нишаст бо ҳузури раҳбарони китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбакистон анҷом ёфт.
Масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин нишастро ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули иттилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳои кишварҳои узв унвон кардаанд.
Дар ҳошияи нишасти мазкур миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум имзо шуд, ки ин ёдошти тафоҳум аз 11 модда иборат буда, ҷонибҳо ӯҳдадор шудаанд ҳамкорӣ ва табодули таҷрубаи дуҷонибаро мутобиқ ба қонунгузориҳои миллии Тоҷикистону Озорбойҷон ба роҳ монанад.
Ҳамзамон дар ин нишасти аз тарафи роҳбари китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадмаҳдӣ Мазоҳирӣ пешниҳод гардид, ки соли 2018 “ Соли китоб ва китобхонӣ” эълоон карда шавад.
Нишсати сарони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) пас аз соли таваққуф, бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон аз 27-уми ноябр инҷониб, ба муддати се рӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ имдома медиҳад.